ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Оғо Шабдизро бо худ овард. Ӯ Фариштаро дуру дароз бӯсид ва кӯдакро боло сараш бардошт.
-Эй шайтонак, бари худ нусхаи мана сохтӣ, ба хату холаш сайъ ку, мага шабеҳи ман нест? Гулиноз гоҳ ба риши оғо панҷа мезад, гоҳ ба ёли Шабдиз. Асп шояд одами ба ин кӯчакиро бори аввал медид, ки дастони ӯро бо эҳтиёт мебӯид.
-Диди Шабдиз, и мақбулак духтари нози ман аст. Қалби Фаришта аз ифтихору хушбахтӣ метапид.
-Исмаш Гулиноз аст...
-Медонам, гумон кади ма бехаёли духтарам шудам? На хайр, ма дар бораи шумо ҳама чира медонум, танам он ҷо буду қалбам ин ҷо.
-Роша, Шабдиз, Гулиноза ба у маконе бубар, ки бобову нанаш бареш зиндагӣ додан.
Оғо аз дидори Фаришта ва тифлакаш он қадр хушҳол буд, ки ҳардуро мебӯсиду навозиш мекард, ангор ҳеҷ гоҳ ба ин андоза хушбахт набуд.
-Чаро ба ман нагуфти, ки бордор шудаӣ, чаро ира пинҳон кардӣ? Мага ман бари ту бегона будум? Охи ба кадом ақл ба кокои ма арӯсӣ кадӣ?
-Оғо, ман ба ин пурсишҳо посух надорам, агар мешуд замонро пас гардонд, ҳеҷ гоҳ ин аблаҳиро намекардам. Он шабу рӯз якбора нопадид шудӣ, ман танҳо мондам, дар як кишвари бегона, дар як муҳити носозгор, дигар чорае надоштам, магар ба машварати хола Наврӯз гӯш диҳам. Ман дигар он Фариштаи пешин нестам, ман ҷаҳаннамро бо чашми худ дидам... Ту дигар ин суолҳоро аз ман напурс...
-Гули нози ман, ҳамаи бадбахтиҳоятро ҷуброн мекунам, дигар иҷоза намедиҳам, ки дар хонаи хотун бимонӣ, ҷойи ту хонаи ман аст, ҷойи ту қалби ман аст. Ба андозаи як дунё дӯстат дорам...
Сайри таҳдашт ва суханҳои ширини оғо Фариштаро ба зиндагӣ баргардонд, ҳарчанд дарк мекард, ки дар хонаи калон на ҳама чиз ба оғо вобаста аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо