Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Духтари хул..., он гург нигаҳбони ту буд... гуфт ногаҳон аҷуза ва тани наҳифашро, ки акнун хурдтару бориктар шуда, аз берамақӣ шабеҳи қолаби инсон буд, аз тушак бардошт.
– Бачаро ба ман бидеҳ, - гуфт.
Фаришта илтиҷоомез ба Алтанхотун нигоҳ кард.
-Нигаран набаш, ӯ аз ману ту када аз уштук беҳтар мурақибат мекуна, бареш қувва мета, -гуфт бо мулоимати хотун.
Кӯдак дар бағали модараш ҳамеша хоб аст, аммо дар бағали аҷуза дасту почак мезанад, чашмонашро боз мекунад ва садоҳое мебарорад. Ҳар бор ки аҷуза кӯдакро ба даст мегирифт, хоби гароне вуҷуди Фариштаро беҳол мекард ва ӯ соатҳо сар аз болишт барнамедошт.
Рӯзҳо пушти ҳам бад-ин минвол гузаштанд ва яхҳои бомҳо об шуданду дарахтон муғҷа бастанд. Фаришта сиҳат шуду аз ҷой бархост ва кӯдакаш ҳам ҷон гирифту акнун “иғу биғ” мегуфту бо забони худ тарона мехонд. Модарашро мешинохт, бо ӯ лабханд мезад, пистонашро сар намедод, аммо аҷузаро медиду мисли гунҷишк ба сӯяш қанотак мезад.
Бачаи Фаришта панҷмоҳа мешуд.
Ҳавелии Алтанхотун бо дарахтҳои гулафшон ва хониши мурғакон, ки акнун аз маконҳои гарм баргашта, зиндагии наверо оғоз мекарданд, таровати тоза мегирифт. Аҷуза ҳам ба макони дӯстдоштааш, ба зери дарахти сада кӯч баст. Ӯ акнун соатҳо чангу доира мезаду бо пирҳояш “ваҳдати вуҷуд” мекард ва баъд мисли ғуки баҳорӣ дасту пояшро меёзонду рӯ ба офтоб ба пушт мехобид.
Дар яке аз ин рӯзҳо Шопур омад.
-Оғо тура соати ду баҷа дар пеши ҳисор интизор ход буд, гуфт, уштука бо худ биёрӣ...
Фаришта аз хушҳолӣ бол даровард. Кудакро ба Алтанхотун доду мӯйҳои худро бо гулоб шӯст, беҳтарин пероҳанашро ба бар кард, ба чашмонаш сурма кашид ва бачааш сари даст ба сӯи ҳисори аспҳои оғо шитофт.

пешина
аз 473
навбатӣ