ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан“Худоё, ба ман фурсат бидеҳ хубиҳои хотунро баргардонам”, ба худ мегуфт Фаришта ва дилаш аз эҳтиром ба ин зани меҳрубон, ки дар ғамхорӣ камтар аз модар набуд, лабрез мешуд.
Хола Наврӯз ҳам рӯзе ба меҳмонӣ омад, шармрӯ буд.
Медонист ки нохудогоҳ Фариштаро ба бадтарин имтиҳон гирифтор кард, аммо ҳар бор даҳҳо тавҷеҳ меоварду мегуфт:
- Агар пойи Байтуллоҳи лавда дар миён намебуд, ҳама кор дуруст мешуд.
Кӯдаки Фариштаро ба даст гирифту чашмонаш аз ҳайрат бузург шуданд. - Фаришта бо и уштук зинҳор ба хонаи калон нару, валлоҳ танҳо аблаҳ наход фомид, ки и уштук аз камари оғост. Туба, туба, оғо дар замони уштуки нусхаи Гулиноз буд!
Оғо дигар пайдо нашуд, аммо Шопур рӯз дар миён меомаду ҳазор нушу неъматро ба рӯи дастрхони Алтанхотун мерехт, барои Фаришта доруву дармон ва барои бачааш сару либос меовард. Бо тараҳҳум ба онҳо ва кулбаи бечораҳолонаи Алтанхотун нигоҳ мекарду мерафт.
-И аға адами баде набудаст, аз шума мурақибат мекуна. - гуфт Алтанхотун, ки либосҳои парпарии кӯдаконаро аз кулвори овардаи Шопур берун мекард. -У саҳар, ки тура пулисо бурдан, ма ба ханаш рафтум, хав буд, бареш тавзеҳ додум, ки чара Фаришта бо Ҳашмат орусӣ кад, гуфтум, ки и уштук аз камари ту шуда. Ҳайран шуд, гуфт чира кулли ин ҳарфара ба ма барвақтар нагуфтӣ? Чира Фаришта хамӯш буд? Бареш гофтам ҳали наҷат бите и ғарибара, аз зиндан халас, ки шуд , пасон и суалара ай у пурсан ку.
-Худо хайрат диҳад Алтанхотун, ин ту будӣ, ки маро наҷот додӣ, вагарна он шаби сард дар остонаи дарат мемурдам. Ман бачаамро ростӣ аз даҳони гург берун овардам, агар дарро боз намекардӣ, тифлакам аз даст мерафт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо