Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Духтари қашанги ман исм дорад, изми зебое ҳам дорад.
Дар батнам буд, ки исмашро интихоб кардам. Номаш Гулиноз аст.
-Гулиназ, машаллаҳ, исми мақбул аст, ба худуш мезеба.
Бача нарасӣ таваллуд шуда, амма намегӣ нарасӣ буда, рӯз та рӯз бузургтар меша. Иштиҳаш ам хуб шуда, машаллаҳ.
Фаришта бори аввал ба чеҳраи кӯдакаш зеҳн монд.
Кӯдак бо пусти махмалин, холи бари рухсор ва мӯйҳои чун қатрон сиёҳи нусхаи оғо буд, вале димоғи нозук, лабҳои пурра ва мижгонҳои чапгараштаро аз модар мегирифт.
Парпечро боз кард ва аз сар то пойи ӯро бӯсид, мисли арӯсак зебо буд кӯдакаш, дилаш аз як эҳсоси бузург лабрез шуд. Фаришта хоҳарони кӯчакашро худаш бузург кард, онҳоро дӯст медошт, аммо эҳсосе, ки нисбат ба ин кӯдак дорад, чизи дигар аст. Соатҳо аз ӯ чашм намеканд. Бо лабханди тасодуфии ӯ механдид бо гиряҳояш ашк мерехт.
-Фариштаҷан, бачем, ту и уштука дастамуз кадӣ, валла дига дар замин наход хав кад.
-Алтанхатун чаро Гулиноз шаб рӯз хоб аст, мабодо мариз шудааст?
-Чизеш нест, уштук дар хав ҷан мегира, бузург меша, али чиллаш буроя, ана баъд барет хав намегузара. Амиёли, ки хав дора, турам сар ба балишт бигзар.
Алтанхотун иҷоза намедод, ки Фаришта аз ҷой баланд шавад. Бо фарорасии сармо субҳона ва чошти келинҳои хотун аз хонаи калон таъмин мешуд. Хотун акнун келинҳояшро дер-дер медид ва бештар аз Фаришта мерасид, ки заъфи зоймони барвақтӣ ва сардиҳои зиндон саломатиашро зайиф карда буд. Қумғони рӯи бухорӣ пайваста меҷӯшид ва Алтанхотун рӯзе чанд дафъа барои Фаришта асалчой омода мекард, то пистонҳояш бешир намонанд. Дар ҳавои сард, бо пойҳояи дардмандаш ба ошпазхона мерафт, атола мепухт, пӯшакҳои бачаро мешӯст ва барои Фаришта бо сад гулу гиёҳ ҳаммом гарм мекард.

пешина
аз 473
навбатӣ