Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Хубии шуморо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам, ҷони маро харидед, Худо шуморо нигаҳбон бошад!
Марворид пушт ба Фаришта аз дафтари қозиёт берун шуд. Аз он ки дар ду рӯз ҳам бародару ҳам бародарзодаашро аз даст медиҳад, мотамзада буд.
Фаришта аз ҳавои тозаи ин рӯзи зимистонӣ, ки офтоб ҳам наметавонист сардиашро бишканад, ҳарисона нафас мегирифт. “Худоё, беадад шукр ба даргоҳат, чӣ қудрати бузург дорӣ, ки инсонро то дами марг мебарӣ ва агар нахоҳӣ дами теғро ба пушти теғ бадал мекунӣ!”
-Маро ба хонаи Алтанхотун бубар, мехоҳам духтарамро бубинам, - гуфт ба оғо, ки ӯро бағал карду дар сандалии пуштии мошин нишонд.
-Бача ба муроқибати вежа ниёз дора, хотун гуфт, ки норасида ба дунё омада, хеле заъиф аст. Ту ҳам доктар кор дорӣ.
-Барои ман роҳаттар аз хонаи хотун ҷойе нест, лутфан маро ба он ҷо бубар...
-Ҳар рақам, ки бихой, гуфт оғо бо дили нохоҳам ва мошинро рӯшан кард.
Алтанхотун Фариштаро диду аз шодӣ ашк рехт. Сару рӯи ӯро навозиш карду дасташ якбора ларзид.
-Мӯҳот сафед шуда...
Фаришта маҳзунона лабханд зад. “Ман то дами марг рафтаму баргаштам хотунҷон!” Хотун торҳои сафеди мӯи қатронии Фариштаро бо нӯги ангушт навозиш кард ва дилаш аз ғусса реш реш шуд. “Чӣ бояд бикашӣ, ки мӯят дар як шаб мисли барф сафед шавад?”
-И уштука бин, ном Хода, иқада мақбул шуда!
Алтанхотун мавзӯъро дигар карду кӯдакро ба бағали Фаришта гузошт. Бачат олиям исм надара, номша чӣ меманӣ?
Фаришта кӯдакро боэҳтиёт бағал карду аз гунаҳои махмалинаш бӯсид.

пешина
аз 473
навбатӣ