Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Хонуми куҷак дуруст мега, вақте Ҳашмат-оғора куштан у да хона набуд, фирор када буд. Ману Марворид хонум шоҳид будем. Хадиҷа аз таҳдиди Марворид наҳаросид ва достонро ҳамон тавре, ки Фаришта ба қозӣ гуфта буд, қисса кард.
-Ҳашмат-оғора Байтулло кушт. Оғо дид писаруш занша таовуз мекуна, девона шуд, ба сари писаруш парид. Байтулло ура бо лагад зад, сари ришсафеди бечора ба бухорӣ бархӯрд, айвон ҳавзи хун шуд, тифлак зуд ҷон дод. Баъд Марвориду Байтулло ба ма таҳдид каданд, ки касе пурсид уштури сафеда дидӣ, бугӯ, ки надидӣ.
Қозӣ баъди мулоқот бо оғо сари ҳол буд ва шоҳидии Хадиҷа ӯро хушҳол кард.
-Хонум, ба Қуръона савганд бухӯ, ки хизматгорут дурӯғ мега! Агар дурӯғ бигӣ, рост ба зиндон мебарумут, шароити зиндони ай арӯсхонумут бупурс, ба ту мега, чӣ сарут ход омад.
Марворид Қуръонро ба даст нагирифт. Ба шиддат аз ҷой баланд шуду гӯё бо қозӣ ҷанг мекарда бошад, дастакзанон бо садои баланд фарёд зад.
-Охи чӣ бигӯм, оғо, и рақам шармандагира чӣ турӣ ошкор кунум, ки писар зани падара таҷовуз мекуна ва падара ба қатл мерасона!
-Байтулло амиёли куҷост?? - пурсид қозӣ.
-Ҳамиҷост, дар хонаи биродарум, хайру худоии падарша ҷӯр мекуна.
-Сарбоз! - фарёд зад қозӣ, бо худ силоҳ бигирен ва оҷилан ба манзили Ҳашматулло биравену Байтуллора ба дафтари ма ҳозир кунен!
-Хонум, ту озодӣ, метонӣ бирӣ, - гуфт қозӣ ба Фаришта ва мӯйлабҳои борикашро хушҳолона тоб дод. Аз давиданаш ба утоқи дигар маълум мешуд, ки оғо ба ӯ пули хубе додаст.
Фаришта дастҳои аз кори рӯзгори шахшули Хадичаро бӯсиду ба дидаҳояш молид.

пешина
аз 473
навбатӣ