ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
хуб медонед, ки ман дар ин ҷурм даст надорам ва замоне, ки таҷовуз шудаму аз хона фирор кардам Ҳашмат-оғо зинда буд. Медонам, ки аз додарзодаи таҷовузгари худ пуштибонӣ мекунед ва ба қозӣ дурӯғ мегӯед, аммо дар он дунё, дар наздии қозии ҳақ ҳарфе барои гуфтан доред? Чӣ гуна ин гуноҳро тавҷеҳ мекунед, ки як инсони бегуноҳ бар асоси дурӯғи шумо кушта мешавад?
-Хадиҷа, тура ба ҳурмати рӯҳи ду духтари нозанинат, ки қурбонии таҷовуз шуданд, савганд медиҳам ва илтиҷо мекунам, ки ҳақиқатро ба қозӣ бигӯ, вагарна рӯҳи духтаронат аз ту норозӣ хоҳад буд.
Чашмони Хадиҷа аз ҳайрат бузург шуданд, хаёл намекард, ки Фаришта достони талхи зиндагии ӯро медонад.
Ангор, акнун аз таҷовуз шудани духтаронаш огоҳ шуд, ки даст ба зону заду сарашро бошиддат такон дод.
-Оғои қозӣ, шумо китоби Қуръон доред? Марворид панҷ вақт намоз мехонад, мехоҳам бо Қуръони маҷид савганд ёд кунад. ки бародарашро ман куштам.
Қози аз ғалладони мизи кориаш Қуръони кӯҳнаеро баровард, ки муқовааш хурда шуда, баъзе саҳифаҳояш овезон буданд.
Марворид ҳанӯз ҳам пушт ба Фаришта менишаст.
-Хонумҷон, туро ба Худо ва ин китоби муқаддас қасам медиҳам, бигӯед, ки Ҳашмат-оғоро ман куштам?
Марворид вонамуд кард, ки суоли Фариштаро нашунидаст, аммо чодари шоҳӣ меларзиду изтиробу ҳаяҷони ӯро ошкор мекард.
-Хонумҷон... Фаришта даст ба шонаҳои ӯ гузошт.
Марворидро гӯё барқ зад, ки як қад париду ба сандалии дуртар нишаст.
-Ма ба қозӣ сайиб дурӯғ гуфтум... - гуфт ниҳоят Хадиҷа, ки ним соат боз бо худ набарди “бигӯям нагӯям” дошт.
-Чуп шу Хадиҷа, ҳарфи дига нагӯ, ки пушаймонут мекунум!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо