Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Оғо Ҳашматуллоро мисли падар дӯст медошт ва шояд фикр мекард, ки агар Фаришта бегуноҳ бошад, бигзор бегуноҳияш дар ростои қозӣ собит шавад.
Марворид ва Хадиҷаро пулисҳо нимаи рӯз оварданд, ҳарду дар сар чодари сиёҳ доштанд ва чашмонашон аз тарс бехудона ба ин бинои мисли кафтархона нигоҳ мекард.
Марворид аз паҳлуи Фаришта бесалому алейк гузашт, гӯё ӯро намешинохт.
Қозӣ ҳарсеро рӯ ба рӯ нишонд ва ҷараёни ҳодисаро нахуст аз Марворид пурсид. Марворид пушт ба Фаришта бо сари хам дурӯғ мегуфт, садояш меларзид ва як ҷумлаи аз бар кардаашро борҳо ба забон меовард.
-Арӯсхонум бо бародарам даъво кард, ғолмағоле шуд, бародари мора бо лагад зад, сари Ҳашматулло ба бухорӣ бархӯрд. Биродари мора ами занака кушта..., бале ами занака кушта.
-Шумо тасдиқ мекунен, ки биродартона ҳамсараш кушта?- пурсид қозӣ бори дигар.
-Бале, тасдиқ мекунум...
-Ту чӣ мегӣ? Ҳашматуллора ҳами занака кушта?
Фаришта аз дурӯғи ошкорои Марворид ноумед шуд, ва баъид медонист, ки хизматгор ҳарфи соҳибашро инкор кунад.
-Ма... берун дар будум чизера надидум... Хадиҷа забон хойиду нигоҳашро аз Фаришта гурезонд, маълум буд, ки ҳарду қабл аз омадан ба қозиёт нақшҳои худро тамрин кардаанд.
Фаришта ба ин ду зани чодарпӯши намозхон, ки калимаи “аллоҳ” аз забонашон дур набуд ва ҳоло ӯро бо туҳмат ба пойи дор мебаранд, бо таассуф нигоҳ кард. Ӯ сандалии худро пештар кашиду сайъ кард Марворидро ба сари инсоф биёрад.
-Хонумҷон, мо қириб як сол зери як сақф бо ҳам зиндагӣ кардем, ман шуморо мисли хоҳар дӯст доштам, ҳурмати шумо ва бародари марҳуматонро ҳамеша ба ҷо овардам...

пешина
аз 473
навбатӣ