Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Гули нози ман, ту бо худ чӣ кардӣ?
    Оғо ашкҳои Фариштаро бо дастмол хушк мекард ва дилаш аз аз ин ғусса, ки ӯ ҳам дар сарнавишти талхи ин ғариба нақше дорад, лабрез мешуд.
    -Ҳашмат-оғоро ман накуштам... ба Худо қасам, ман бегуноҳам... - ҳазён мегуфт Фаришта.
    Фаришта суроби оғоро аз паси пардаи ашк диду гумон кард, ки хоб мебинад. Ду се бор мижа зад, пардаи ашкро дарид ва оғоро дар канори худ диду домани гиряро сар дод.
    -Медонам, ман туро хуб мешиносам... Гирён наку ҷони ман,
    -Аз куҷо фаҳмидӣ, ки ман ин ҷоям?
    -Алтанхотун дишаб омад, ҳамаи достона ба ма қисса кад.
    -Оҳ, духтар, барот кулли суол дорам..., чӣ рақам тонистӣ ин ҳама заҷра танҳо бикашӣ?
    -Вой худоҷон, ҳоли бачаи ман чӣ шуд? Хеле зайиф буд...
    -Хотун гуфт, ҳолеш хубе, аммо то ҳол чашмоша боз накада... Фаришта дасти оғоро бӯсиду ба чашмонаш молид.
    -Қозӣ гуфт, ки маро сангсор мекунанд ё ба дор мекашанд, туро дидам, дигар армоне дар дилам намонд...
    танҳо як илтимос дорам, муроқиби духтари ман бош, нагзор, ки хору зор шавад.
    Бигзор дар дасти Алтанхотун бимонад, ту фақат аз ҳолаш хабар бигир...ӯ ба ғайри ману ту дар ин дунё касеро надорад...
    Оғо дастҳои сарди Фариштаро бӯсид.
    -Гиря накун, ҳамаш хуб меша, магар ма мурда бошум, ки ту ба пойи дор биравӣ.
    Ҳоло Марвориду хизматгори кокора меоран, қозӣ шуморо бо ҳам рӯ ба рӯ мекуна. Агар он ду нафар ба тарафдорит ариза бидан, қазия баста меша. Агар не барот вакил мегирум.
    -Ту ҳоло меравӣ?
    -На хайр, ма дига тура танҳот намегузорум, дар утоқи дига мебошум.
пешина
аз 473
навбатӣ