Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Гӯё Фариштаро на ба марг, балки ба пахтачинӣ мефиристод.
Ба ҳамин содагӣ, бедалелу беҷиҳат...
-Мехоҳам Алтанхотунро бубинам, ҳамон хонумеро, ки сарбозони шумо маро аз хонааш гирифтанд. Мехоҳам бачаамро бубинам...
Чашмони Фаришта ғарқи об шуд, дилаш ба ҳоли худаш сӯхт, он чунон сӯхт, ки ҳеҷ гоҳ ба ин андоза доғ нашуда буд.
-Да и мамлакат зиндонии маҳкум ба марг ҳаққи мулоқот надора, ту хо ҷурми сахтеро муртакиб шудӣ, одам куштӣ, шуҳари худа куштӣ.
Фаришта эҳсос мекард, ки ба охири хат расидаст ва зориву тавалло ба ин қозии ноодил корагар нест. Ӯ тамоми тамоми ғуруру шарофаташро ҷамъ кард ва рӯ ба қозӣ овард.
-Ҷаноби қозӣ, агар парвандаи банда ба ин содагӣ хатм шуда ва агар интихоби навҳаи мурдан бо ман бошад, лутфан бароям чӯби дор таъин кунед ва ба зердастони худ бигӯед, ки ҷасади маро ба Алтанхотун бисупоранд. Ин охирин хоҳиши ман аст.
Қозӣ ҳанӯз ба дархости Фаришта посух надода буд, ки дар боз шуду сарбоз “иҷоза аст сайиб”, - гуфту порчаи коғазеро ба ӯ дароз кард. Қозӣ аз ҷой париду оби димоғашро, ки дар пушти лабаш медурахшид, бо дастор пок кард ва ба думболи сарбоз аз дар берун шуд.
Хеле вақт гузашт, шояд ним соат ё аз ин бештар.
Фаришта пушт ба дар ва рӯ ба панҷараи дафтари қозӣ менишаст. Дар берун зиндагӣ идома дошт, садои суҳбату хандаи одамон ба гӯш мерасид, касе ҳезум мешикаст ва ҳар бор, ки табарро ба кунда мезад, “ҳу” мегуфт. .
Ногоҳ Фаришта гушу ҳӯш шуд, бӯи ошное ба димоғаш расид. Ӯ наметавонист ин бӯйро бо бӯйҳои дигар иштибоҳ бигард. Рӯзҳои хушбахтарини умраш бо ин накҳат пайванди ногусастанӣ дошт. Башиддат бархосту рӯ ба сӯи дар овард, чашмонаш аз ҳайрат бузург шуданд ва қалбаш аз сина ба гулӯяш хазид. Қадаме ба пеш гузошту аз ҳуш рафт.

пешина
аз 473
навбатӣ