Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сарнавишти ман дар дасти як қозии ноодилу баднамуд аст, ки баъди лаҳзае бо як имзои қаҷукилеб риштаи умрамро мебуррад. Алвидоъ, духтараки бадбахти ман, ки рӯятро басерӣ надидам, алвидоъ, Алтанхотуни меҳрубон, алвидоъ, хола Наврӯз, алвидоъ, модари азизам, алвидоъ, оғои дили ман...” Фаришта патуро ба сар кашиду ба думболи сарбоз аз утоқ берун шуд. Ҳаво сард буд, аммо чашмаки офтоб аз зери абрҳо ба замин нур мепошид ва замини барфпӯш мисли ҷавоҳирот медурахшид. Бод барфҳоро аз шохаи дарахтон ба замин парт мекард ва зоғҳои сармаст дар ҳавзҳои барфӣ ғел мезаданд.
Фаришта бо ташнагии як инсони маҳкум ба марг, ки гӯё таровату зебоии атрофро бори аввал мебинад, ба абрҳои сафеди осмон нигоҳ кард. “Мегӯянд дар лаҳзаи марг тамоми зиндагии инсон мисли барқ аз пеши назараш мегузарад. Агар ин афсонае беш нест, мехоҳам оғоро бубинам, таҳдаштро, ҳавзи ҷӯшонро, мехоҳам тамъи бӯсаҳои оғоро, гармии тани ӯро бори дигар эҳсос кунам, мехоҳам ба мӯи Шабдиз панҷа занам ва ба шохаи хушкидаи дарахти мурод бигӯям, ки ваъдаҳоят дурӯғ будаст... Оғои дили ман, ҳар заҷре кашидам, ба хотири ту буд, маро аз ёд набар ва аз ягона нишони ман дар ин дунё, духтараки норасидаам, муроқибат кун, дар он дунё ҳам ошиқат хоҳам буд.”
-Истод наку, роша! - сарбоз Фариштаро бо қундоқи силоҳ тела доду ба ҳамон биное бурд, ки қозӣ дафтар дошт.
Қозӣ мутакабирона дар чавкии савлат менишаст, гӯё сарнавишти дунё дар дасташ буд. Ӯ ҳар лаҳза бинӣ мекашиду оби димоғашро бо лаби дастораш пок мекард.
Димоғи занҷабилмонандаш сурху пӯстканда буд.
-Мо хо ҳеҷ гоҳ аз муҷрим намепурсем, ки чи рақам эъдом шава, худмон тасмим мегирем, аммо бари худут истисно мекунум, - гуфт қозӣ ва ниҳоят ба Фаришта нигоҳ кард. Ҳеҷ таассуфе ё дилсӯзие дар он нигоҳ эҳсос намешуд.

пешина
аз 473
навбатӣ