ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Дар берун зоғҳо қар-қар мекарданд ва аз куҷое бӯи ҳезуми сӯхта ба димоғ мерасид. Дили Фаришта гум зад. Ҳеҷ гоҳ фикр намекард, ки рӯзе қар-қари зоғ ва дуди бухорие барояш намоди зиндагӣ ва бақои умр шавад. “Сарбоз гуфт қозӣ мариз шуду умри туро то як рӯзи дигар тамдид кард.
Ҳеҷ кори Парвардигор бе ҳикмат нест, мегуфт кампири Сокина, шояд бемории қозӣ ҳам ҳикмате дорад? - аз дил гузаронд ӯ ва ногаҳон ба ҳоли худ ришханд зад. Ту ин ҳама муддат мегуфтӣ, Худоё ҷонамро бигир, ба думболи худкушӣ мегаштӣ, зиндагибезор будӣ, аммо бубин, бо ин ҳама заҷр ва ҷабру ситам, мурдан намехоҳӣ... ” Гоҳ хобу гоҳ бедор он рӯзро ҳам бегоҳ кард, ташна буд, чашм мепӯшиду дарё хоб медид. Гуруснагиро таҳаммул мекард, аммо тоби ташнагӣ надошт. Ноилоҷ домани пероҳанашро боло бардошту синаи дамидаро берун овард.
Даст ба сина бурду ба танаш рашъа дамид. Синааш таб дошту дард мекард. Кафи дастро пиёла карду як мушт шир ҷӯшид, аммо нисфи шир аз шикофи ангуштон ба замин рехт.
Бе ҳеҷ тардид кафши нави Алтанхотунро аз пой кашиду ба синааш наздик овард ва лаб зери дандон пистонҳои варамидаашро фишор дод. Ӯ ширро бо аҷала дам кашид.
Шири сина мазаи қандчойи нимаширинро дошт. Гиряааш омад, “ҳақи кудаки бечораамро хурам”, - гуфту навҳа кишид.
Ашку шир баробар ба кафши Алтанхотун мерехт ва ҳиқ-ҳиқи гиряҳои Фаришта дар фазои суту кури зиндон бо навои зоғҳои сиёҳ ҳамоҳанг мешуд.
Шир ташнагиии ӯро шикаст ва гушнагиаш низ рафъ шуд.
Ба патуи пашмини Алтанхотун печиду ба хоби гарон рафт...
-Буланд шу хонум, қозӣ тура мепурса! - аз дами дар фарёд зад сарбозе, ки дишаб як пиёла обро аз ӯ дареғ дошт.
“Тамом шуд... ҳамааш тамом шуд... ман Фаришта, духтари Сафар дар синни 31-солагӣ, дар як кишвари бегона, имрӯз бо иттиҳоми куштори ҳамсар ё сангсор мешавам, ё маро ба дор мекашанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо