Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мӯй дар баданаш рост шуд ва танаш ба ларза даромад, бехудона сар ба тахти чӯбин мекуфт, то ҳаде, ки мағзаш карахт ва худаш бехаёли эъдому чӯби дор шуд.
Чӣ тарснок аст дар хонаи тангу тору бегона чашм кушодан. Фаришта ба садоҳои ношиноси мардона, ки аз тирезаи танги зиндон ба гӯш мерасид, гӯш медод. Ёд надошт, ки ин ҷо куҷост. Чанд дафъа мижа зад ва аз рӯи одати моҳҳои охир даст ба шикамаш бурд, то таконхӯриҳои тифлашро эҳсос кунад. Аммо на тифле буду на шиками дамидае. Ҷойи тифл, як раҳми пур аз дарду зардоб буд, ки ҳар рагу паяш аз дард дил мезад.
Субҳ оҳиста медамид ва пораи рӯшноӣ, ки аз панҷараи кӯчак ба ҳуҷра медаромад, аз поёни ин шаби ваҳшатбор аломат медод.
Зиндон аз дирӯз сардтар буд, девори бетониаш мисли яхчол хунукӣ хориҷ мекард ва бӯи заҳ димоғро месӯзонд.
Дар бадани Фаришта ҷойе намонда буд, ки дард накунад, саропо дард буд. Шир аз нӯги синаҳои варамидааш мечакид ва пероҳанашро шахшул мекард. Рӯдаҳояш аз гуруснагӣ ба ҳам мепечиданд. Фикрҳояш низ мисли рӯдаҳои холияш печида буданд, мадоре надошт, ки аз ҷой бархезад. Шабеҳи бачаҳое, ки акнун роҳ рафтан меомӯзанд, чорғов то назди панҷара рафт ва бо такяи девор аз ҷой баланд шуд. Мехост бубинад, ки дар берун чӣ мегузарад, аммо дасташ ба панҷара, ки дар поёни сақф ҷойгир буд, нарасид.
Забонаш аз ташнагӣ дар комаш мечаспид.
Тамоми неруяшро ҷамъ карду бо мушт ба дари оҳанин зад.
-Чӣ хабар аст!? - бо ғазаб пурсид сарбозе.
-Ташнаам, хоҳиш мекунам ба ман об бидиҳед...
-Инҷа ҳотел нест, ки бари ту обу нон ҷур кунем, буру хав ку, бахтут буланд буда, қозӣ сайиб мариз шуда, имрӯз сари кор намеоя ва илло то зуҳр сангсор мешудӣ.

пешина
аз 473
навбатӣ