ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
-Ҷаноби қозӣ, чаро ба ман туҳмат мезанед? Инсофатон куҷост? Магар кишвари шумо додгоҳу додситон надорад, ки як инсонро бидуни тафтишу маҳкама ба марг маҳкум мекунед?
Шикофҳои димоғи занҷабилмонанди қозӣ аз хашм шукуфтанд.
-Ту модасаги одамкуш, бо ба мо адолату маҳакама меомӯзӣ??
-Сарбоз!
-Бале сайиб!
Яке аз ҳамон сарбозҳо, ки Фариштаро аз хонаи Алтанхотун ба идораи пулис оварда буд, даст дар чаккаи сар барои иҷрои фармон ҳозир шуд.
-Муҷрима ба зиндон бубарен, ҳукми эъдомуш фардо содир меша!
Сарбози мусаллаҳ Фариштаро ба сохтмоне бурд, ки бо панҷараҳои хурди оҳанинаш шабеҳи саисхона буд. Сохтмон чароғ надошт ва ҳарорати дохил сардтар аз ҳавои берун буд.
Ӯ шамъро рушан карду дари оҳании утоқро кушод. Ҳуҷра ба ҷуз як тахти чубини бе курпаву болишт чизи дигаре надошт.
-Буру хав ку, пату дорӣ ниёз ба болопӯш нест. Сарбоз шамъро бо худ бурду Фаришта тамоми даҳшати ба сараш омадаро дар ин хонаи сарду торик бештар дарк кард. “Худоё, хобаму кобус мебинам ё ончӣ аз сари ман мегузарад воқеъият дорад? Наход бегуноҳ эъдом шавам?” Ӯ дар ин харобкада барои худ ҳар балоеро интизор буд, аммо на ин якеро. Рӯи тахти чӯбин патуи Алтанхотунро ба сар кашиду мисли калобаи саргум ба худ печид. “Хотун бароям патуи ғафс дод, пас медонист, ки ман дигар барнамегардам... гуфт аз бачаат нигарон набош, бо шири буз бузургаш мекунем, пас медонист, ки эъдом мешавам. Эй кош, аҷуза мегузошт, ки пеш аз марг духтаракамро як бор мебӯсидам! Мағзи аз фишори равониву ҷисмонӣ вармосидаи Фаришта акнун кам-кам ба дарки ин воқеъият мерасид, ки фардо метавонад ё сангсор шавад ё сар ба дор.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо