Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Дишаб писари шуҳарам ба ман дарафтоду дастдарозӣ кард... Шуҳарам ба ёриам расиду ба писараш дарафтод. Ман бо истифода аз ин фурсат фирор кардам. Вақте аз хона берун мешудам, садои фиғони хоҳаршӯямро шунидам, аммо манъ нашудам, метарсидам, ки он ғӯл думболагирам мекунад. Дар моҳи ҳафти бордорӣ таҷовуз шудам ва бачаам дар роҳ ба сӯи хонаи Алтанхотун, дар замини яхзада, ҳафтмоҳа ба дунё омад, Азоби саги бесоҳибро кашидам. Ба худое, ки ману шуморо халқ кардааст савганд мехӯрам, ки вақте ман аз хона бадар мешудам, шуҳарам зиндаву саломат буд. Ман шоҳид дорам, дурустии ҳарфи маро аз хоҳашӯям ва хизматгори хона пурсон кунед.
-Ҳмм... и ҳарфои ту як пайса арзиш надора, хоҳаршуҳарат ва писари шуҳарат ҳарду тура да и куштор муҷрим эълон кадан. Пас хуб меша, ки ростша бигӣ, шояд чанд солаке аз ҳукмат кам шава, ё эъдомат ба ҳукми маҳбас иваз шава. Мефомӣ чӣ ба сарат омада?
-Бахудо қасам, росташро гуфтам...
-Ростша ба ма бигӯ, ки читури як зани ҷавони қашанг метона бо як пиракии ҳамсоли падарбузургаш зиндагӣ ҷӯр куна? Ё шояд ту бо писари шуҳарут робита доштӣ? Ку қисса ку у чи рақам тура таҷовуз кад?
-Ҷаноби қозӣ, таҷовуз тафсиру тавзеҳ надорад вақте як марди чоқи чанд баробар аз ман сангинтар як зани бедифоъро дар замин пахш мекунад, тасаввур карданаш душвор нест, ки чи ҳоле дорад...
-Ма ира хо фомидум, ура бугӯ, ки чӣ рақам шалворта кашид, пота боло бардошт...
Фаришта он чӣ аз сараш гузаштаро ба қозӣ мегуфт, аммо аз як ҷойе эҳсос кард, ки ин марди бадандом чавкии худро наздик кашида, аз тасвири саҳнаи таҷовуз ӯ ба ваҷд меояд.
-Шумо маро масхара мекунед ё аз достони таҷовузи як зан хушатон меояд?
-Ту думбурида бо забондарозӣ ҳам мекунӣ, ришсафеда куштӣ, писарша таҳрик кардӣ, сазоят тано сангсор аст!

пешина
аз 473
навбатӣ