Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чашмонаш он қадр бо ҳам наздик буданд, ки гӯё банди димоғе дар байн набуд.
Димоғи қоқи аз ҳад борикаш занҷабили тундро ба хотир меовард, кӯсариш буду мӯйлабҳое борике дошт шабеҳи думи мӯш. Шикофи байни дандонҳои иллатиаш ба андозае бузург буд, ки вақте ҳарф мезад, нӯки забонаш аз он сӯрох берун мешуд.
Фаришта бо шунидани иттиҳоми куштор наздик буд аз тарс ғаш кунад. Ранг дар рӯ надошт ва даруни бе ин ҳам зардобаш аз изтироб меларзид.
-Ма қозии парвандаи шумоюм, ба ма ростша бугӯ, ки шуҳари худа чӣ рақам куштӣ?
-Ман касеро накуштам, шуҳарам одами хуб буд, бо ман меҳрубон буд, ягона пушту паноҳам буд, чаро ман бояд ӯро мекуштам?
-Ина ту ба ма бугӯ, ки чаро ва чӣ рақам ӯра куштӣ?!
-Оғои қозӣ, ман то дишаб бордор будам, аз зулме, ки ба сарам омад, бачаи норасид таваллуд кардам, магар як зани бордор, ки сад мушкил дорад, метавонад одам бикӯшад?
-Чаро намеша? Меша! Шояд мехостӣ молу манолаша бигирӣ?
-Молу манолаш ҳама аз ман буд, чизеро аз ман дареғ намедошт...
Қозӣ нобоварона ба Фаришта нигоҳ кард... Гӯё мехост росту дурӯғро аз чеҳраи ӯ бихонад, ки нигоҳи чашмони серҳаракаташ дар як нуқта манъ намешуд.
-Ту аз куҷо астӣ? Чаро лаҳҷат ба афғоно монанд нест? Аз куҷо омадаӣ?
-Ман табаи Тоҷикистонам.
-Чи рақам ба сарзамини мо омадӣ?
-Қочоқ шудам...
-Бугӯ хо зани таҷрибадоре астӣ, мага не?
...
-Ҳодисаи дишаба ба ма қисса кун.

пешина
аз 473
навбатӣ