Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фариштаро гиря гулӯгир кард ва ӯ рӯяшро бо кафи даст пӯшид.
-Нигарани бачат набош, модаршӯи ма ай ӯ хуб мурақибат мекна, ту хав будӣ, ма шири буз бареш дадем, як уймақ, кам мехӯра, заъиф аст...
Алтанхотун чодарашро ба сари Фаришта пӯшонд ва як ҷуфт кафшу ҷӯробро, ки шояд тоза харида буд, пеши пояш гузошт,
-Хотунҷон инҳо даркор нестанд, ман зуд бармегардам.
-Меданам..., амма и патураам бо худ бигӣ, ҳаво сард шуда.
Пулисҳои мусаллах Фариштаро дар саҳни ҳавлӣ мунтазир буданд. Онҳо бе ҳеҷ каломе бо ишораи даст мошинеро нишон доданд, ки дар беруни дар меистод.
Фаришта бо яке аз онҳо дар сандалии ақиб ва пулиси ҷавонтар дар паҳлуи ронанда нишаст. “Эй Худо, дурӯғ аст, агар бигӯям, ки марги Ҳашмат-оғоро орзу намекардам. Аммо на ҳоло ва на дар шароите, ки бештар аз ҳар вақти дигар ба пуштибонияш ниёз доштам.” Мошин дар назди бинои яктабақаи девораш бо гил андовашуда манъ кард. Сохтмони дигар каме дуртар ҷойгир буд ва чандин тирезаи кӯчак дошт. Он ду пулис бо силоҳҳои дар ҳоли омодабош Фариштаро пешандоз карда, ба сохтмон аввалӣ бурданд, ки ҳудудан се утоқ дошт ва аз яке садои чиқчиқи мошини чопӣ ба гӯш мерасид.
Дар утоқи васатӣ марде менишаст, ки дар тан тумбону васкат ва дар сар аммома дошт.
-Авардемаш сайиб, гуфт яке аз пулисҳо ва он мард сар аз коғазҳо бардошту аз сар то пойи Фариштаро аз назар гузаронд.
-И зани шуҳаркуш ҳамин аст? - гуфт ӯ ва бо лабханди тамасхуромез ва аз ҷой нимхез шуд. Дар чеҳраи гӯсфандмонанди ин мард ҳеҷ узве ба узви дигар мутобиқ набуд. Ангор, офаридгор бо аҷала чашму димоғи бегонаро иштибоҳан ба чеҳраи ӯ часпондааст.

пешина
аз 473
навбатӣ