ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Субҳ акнун медамид. Алтанхотун бо касе дар саҳни ҳавлӣ суҳбат мекард, садои онҳо канда-канда ба гӯш мерасид, фаҳмида намешуд, ки онҳо кистанд ва дар ин субҳи сард, ки саг аз хонааш берун намешавад аз хотун чӣ мехоҳанд. Фаришта аз ҷой нимхез шуд. Бачааш дар рӯпӯши сафед мисли кирми пилла печида, рӯи синаи хушкидаи аҷуза мехобид. Ҳарду масти хоб буданд. Фаришта то ҷогаҳи аҷуза хазиду бо нуги ангӯш чеҳраи шабеҳи махмал нарми кӯдакашро навозиш кард. Дилаш лабрези муҳаббат шуд.
Мехост ӯро аз рӯи синаи аҷуза бардораду ба оғӯш бигирад.
-Коре ба и бача надошта бош, хеле барвақт аз реша канда шуд, хобаш ҳанӯз хом аст... Аҷуза инро гуфту бачаро рӯи болишт гузошт ва дар паҳлуяш дароз кашид. “Ин бачаи ман аст, чаро намегузорӣ бағалаш кунам?”
-Оре, бачаи ту ҳам ҳаст...
Алтанхотун аз ҳавлӣ бо рангу рӯи парида баргашт, лабонаш аз изтироб меларзиданд.
-Фариштаҷан... и адамо пулисанд ба ту кар даранд. Тура сурағ мекунан... меган Ҳашматаға мурда, иё меган ту баяд ҳамраҳшан ба идараи пулис бирӣ. Гуфтам, ки ту нав займон кадӣ, маҷал надарӣ, гуфтан и тавҷеҳ қабул неста, бояд бо мо бияа. Ту чӣ мегӣ бачем?
-Ҳашмат-оғо мурда?? Чӣ тур мумкин аст? Шаб вақте ман аз хона фирор мекардам, ӯ зинда буд, бо писараш афтударафт дошт! Худоё, дар он хона чӣ иттифоқ уфтод?
-Валлоҳ наданам, ина палисо меган...
-Бошад... меравам, Худое нокард шуморо даргири ин моҷаро накунам...
-Ту фикре мара накун, худа хаҳад, ҳамаш хуб меша..., - гуфт Алтанхотун бо оҳанге, ки худаш ба оқибати хуби ин кор бовар надошт.
-Бачаам чӣ мешавад? Ман то ҳол ба ӯ шир надодам...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо