ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданАз баландии сақфи пастаки Алтанхотун ба ҳаракатҳои ӯ назора мекард ва он зани беҷону беҳолро, ки тифли мисли бачаи гунҷишкро дар оғӯш дошт, намешинохт.
Гоҳ бахуду гоҳ бехуд буд.
- Фариштаҷан, даҳани худа боз ку мадар, и ави зарчубара буху ва илла мариз мешӣ. Алтанхотун сари Фариштаро аз болишт баландтар бардошту пиёларо ба лабонаш наздик овард, аммо натавонист даҳони ӯро боз кунад. Дандонҳояш зиреҳ баста буданд. Оберо, ки Алтанхотун аз як гӯшаи лаб ба даҳонаш мерехт, аз гӯшаи дигари лабаш ба болишт сарозер мешуд.
- Итурӣ намеша бачем, ту таб дарӣ, баяд ира бухурӣ. Ира мадаршӯи ма амада када, мега ага бухурӣ то саҳар саҳат мешӣ.
Фаришта чашмонашро оҳиста боз кард. - Магар... модаршӯи... шумо зинда аст?
- Чира зинда набаша? Албатта ки зинда аста. Бубин духтари тура навазиш мекуна.
- Духтари ман? Фаришта акнун фаҳмид, ки он пораи гӯшти аз дохили шалвораш берун омада духтар будааст.
Беҳолона лабханд зад. Хонаи гарм ва садои нолиши тарошаҳои хушки дохили бухорӣ ба ӯ оромиш мебахшид.
Чашмонаш беихтиёр пӯшида шуданд. - Фаришта хав наку, як каме ғазо бухӯр, беҳал шудӣ ахи.
- Бимон, бихобад, фардои и духтар аз имрӯзаш тиратар аст...Садои аҷуза гӯё аз даруни ғори торик ба гӯши Фаришта расид.
Хоби аҷибе дид, хоб дид, ки дар чоҳи бетаге дасту по мезанад ва касе ба додаш намерасид. Об то гулӯяш мерасид ва дошт зери об мерафт, ки ин дам дасте ба сӯяш дароз шуд.
Фаришта он дастро шинохт, аз ангуштарии алмосаш шинохт, ки нарангушташро зеб медод. Он даст ӯро аз чоҳи бетаг берун меовард ва “гули нози ман” мегуфт.
Дар васати ин хоби ширин дари хонаи Алтанхотунро касе бо лагад куфт ва Алтанхотун “ё бисмиллаҳ” гуфту аз ҷой бархост.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо