Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сар аз пату бардошту гургеро дид ба бузургии паланг, ки рӯи по менишаст ва бо чашмони дурахшонаш аз зери пешона ба Фаришта менигарист. Гург ғуррос мезад ва ду бачаи шабеҳи болишт лундаашро, ки қатраҳои хунро аз рӯи барф мелесиданд ва бо ҳар қадам ба Фаришта наздиктар мешуданд, ба ақиб мехонд. Гулӯи Фаришта аз ҳарос хушк шуд, ҳарчанд қурт медод аммо даҳонаш обе надошт, ки гулӯяшро тар кунад. Оҳиста дасташро поён бурду заминро ламс кард ва санги ба андозаи мушатро аз зери барф берун овард. Сангро баланд бардошту гургро таҳидид кунад.
-Бирав аз ин ҷо, ба ман интурӣ нигоҳ накун, худат модар ҳастӣ, хуб аз бачаҳоят муроқибат кардаӣ, ки пӯстатон аз фарбеҳӣ барқ мезанад. Бачаи нимҷони маро бубин, ки дар сандуқи дилам аз сардӣ меларзад ва намедонад, ки оё соати дигар зинда мемонад ё не. Туро ба Худое, ки халқат кардааст савганд медиҳам, бирав, ба ман кордор набош, агар танҳо мебудам, розӣ мешудам, ки тӯмаи ин шаби туву бачаҳоят шавам. Аммо ман бача дорам, ба ҳолаш раҳм кун, худо рисқи туро ҷойи дигар медиҳад... магар ғайри ин аст?
Гург дуру дароз ба Фаришта нигоҳ кард ё аз санги дасти ӯ тарсид, ё воқеан ҳарфашро фаҳмид, ки бачаҳояшро пешандоз карду дар торикӣ аз назар нопадид шуд.

  • Бархез ҷони модар, ту бо чӣ сахтиҳое ба ин дунёи бешафқат омадӣ, бояд зинда бимонӣ, охир ман ба ҷуз ту дар ин дунё касеро надорам, бархез, то хонаи хотун ду қадам роҳи дигар аст!
    Он ду қадам ба чӣ сахтиҳое пушти сар шуд. Фаришта ангушт ба панҷараи Алтанхотун заду дар остонаи дар беҳолона афтид.
    Вақте Алтанхотун тани аз сардӣ ва зоймон хастаи ӯро аз дами дар ба назди бухорӣ мекашонд, ва либосҳояшро иваз мекард, як лаҳза дар назараш намуд, ки хоб асту кобус мебинад. Саргузашти имрӯз дар назараш як хоби ваҳшатноке беш набуд.
пешина
аз 473
навбатӣ