ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Дардаш ончунон авҷ гирифт, ки гӯё кураи оташ дар шикамаш тоб мехӯрд. Рӯ ба осмон нолиш кард.
-Худоё, ман чӣ кардам, ки мӯҷиби ин ҳама озор шудам?
Ё ҷонамро бигир, ё аз ин дард наҷотам бидеҳ! Дарди ҷонкоҳ неруяшро мебалъиду ӯро хаставу лакот мекард. Эҳсос кард, ки дигар маҷоли роҳ рафтан надорад, худро то дарахти канори ҷода расонду беҳолона ба замин афтид. Дард дар камару шикам ва фиғон дар гулӯяш мепечиду роҳи берунрафт меҷуст. Ӯ замини яхзадаро бо нохун ханҷол мезад ва лаб зери дандон дарду фиғонашро фурӯ мебурд.
Ногоҳ ғайриихтиёр шурӯъ ба зурзадан кард, устухони косаш гӯё пора мешуд ва садо дармедод. Дигар на дард дар ихтиёраш буду на фиғон, фарёди ҷонкоҳе кашиду бехуд шуд.
Вақте ба худ омад на дард буду на кураи оташ ва ҷисми гарме дар дохили шалвораш мисли гурбаи навзод виз-виз садо мебаровард. Аз почаи даридаи шалвор тифлакро, ки ба андозаи арӯсаки хоҳарзодааш вазн дошт, берун овард. Қалби кӯдак дар синаи кӯчакаш дил мезаду пойҳояш меларзиданд.
Фаришта бачаашро бо пату пӯшонд, аммо нофи нобуридааш ҳамроҳаки модарро бо худ ба боло кашонд. На корде буд, на шишаву на оҳане, ки кӯдакро аз ин пардаи ғафс, ки ҳафт моҳ хонаи бароҳаташ буд, ҷудо кунад. Зиёд фикр накард, ҳамроҳакро баланд бардошту рӯдаро ки хеле ғафсу тасма буд бо дандон газид. Чанд дафъа гоз гирифт, то лӯлаи тасма дарид ва ноф аз ҳамроҳак ҷудо шуд. Сари нофро басту кӯдакро ба оғӯш гирифт ва ӯро бо ҳаври даҳонаш гарм мекард.
-Худо хайрат диҳад, кампири Сокина, ки вақти зоймони модарам ба мо мегуфтӣ, “буридани нофи кӯдакро ёд бигиред, шояд рӯзе даркор шавад.” Кудаки нимҷонро ба сандуқи синааш пахш мекарду мисли гаҳвораҷумбон такон мехурд. Ногоҳон эҳсос кард, ки касе дар ин шаби сарди бечароғу бемаҳтоб, ки атрофро танҳо барфи сафед рӯшан мекунад, ба тарафи ӯ зул мезанад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо