Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ёд надорад, ки дар дами дар кафши киро пӯшид, кафш бузург буду аз пояш берун меомад ва давиданашро мушкил мекард. То дами дарвоза расида буд, ки фиғони Марворид ба осмон печид. Фариштаро дигар ба ин садоҳо коре набуд.
Ба маҳзи дур шудан аз хонаи Ҳашматулло ӯ дар дуроҳае манъ шуд, ки яке ба хонаи оғо мебурд, дигаре ба хонаи Алтанхотун. Бетардид роҳи хонаи хотунро пеш гирифт. Тунд қадам мебардошту ҳар лаҳза ба пушти сараш нигоҳ мекард, ки мабодо Байтулло думболагираш кунад. То ними роҳ расида буд, ки дарди шадид камарашро фишор дод ва оби гарме аз шармгоҳ ба ронҳояш сарозер шуд. Хаёл кард, ки аз тарс шошидаст. Шикамаш, ки то имрӯз дар гирди нофаш туп зада буд ба шиддат пойин омад ва мисли халтаи дуғ дар пушти хичакаш овезон шуд. Дарди шадиде камарашро фишор медод. Кафшҳояш тар шуданд, аммо на аз барфе, ки акнун заминро сафед мекард, хуни гарм аз почаҳои шалвораш ба замин мечакид ва дохили кафшҳояшро часпак мекард. Дарди камараш гоҳ суст мешуду баъди лаҳзае дубора шиддат меирифт. Атроф суту кур буд, танҳо садои гургҳои гурусна, ки барои дарёфти ғизо аз даштҳо ба деҳа мерехтанд, аз низдикиҳо ба гӯш мерасид.
Фаришта гоҳ хам мешуд, то дард камарашро раҳо кунад ва гоҳи дигар суръати қадамҳояшро бештар мекард, то зудтар ба хонаи Алтанхотун бирасад. Дарди шадид тадриҷан аз камар ба шикамаш печид, дарде буд, ки устухонҳояшро мешикаст ва мисли сели рахнагар ҳар чизи дар шикамаш бударо аз боло ба поён тела медод. Моҳи ҳафти ҳомиладориашро тай мекард, аммо ангор тифли батнаш мисли меваи норасида майли аз шоха ҷудо шудан дошт. Ба худ печидаву нолида хеле роҳ рафт. Роҳ то кулбаи Алтанхотун даҳ дақиқа беш нест аммо имшаб ин роҳ дар назари Фаришта тӯлонитарин роҳи дунё намуд. Милт-милти чароғи ҳавелии Алтанхотунро аз дур медид, аммо ҳар қадар пеш мерафт, чароғ ба ҳамон андоза аз ӯ дур мешуд.

пешина
аз 473
навбатӣ