Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фиғони ҳавлноки Фаришта ба гӯши Хадиҷа расиду сатили пуроб аз дасташ афтид, шояд фарёди имдодталабонаи духтарҳои таҷовузшудаашро ба ёдаш расид, ки ҷонҳавла ба тарафи паллаҳо давид. Ӯ дар дами дар Марворидро дид, ки ранг дар рӯ надошту дастонаш меларзиданд.
Марворид шояд омадани бародарзодаашро дида буд ва шояд чун ҳамеша худро аз ҷанҷолҳои хоаводагӣ канор мегирам гуфта, аз хонааш берун наомад.
-Ном худо Хадиҷа, ту и дара боз ку, ма метарсум...
Хадиҷа қадаме ба сӯи дар гузошт буд, ки каллаи бедастори Ҳашматулло аз дари ҳаммом намён шуд. Ӯ дар тан тагпӯш ва дар китф патуи ғафсе дошт. Занҳоро диду лаби патуро поён кашид то пойҳои урёнаш намоён нашаванд.
-Хайр аст? Чӣ шуда? Чаро иҷо ҷамъ шуден??
Намедонем чӣ шуда... Хадиҷа худро ақиб кашиду роҳро барои Ҳашматулло боз кард. -Хонуми кӯчак фарёд зад, овозаш ваҳмнок буд, шояд фалокате саруш омада...
Ҳашматулло бетардид дарро боз карду саҳнаеро дид, ки мӯйро дар сари качалаш рост мекард. Байтулло дар болои Фаришта пешу қафо мерафту тунд тунд нафас мекашид, Фаришта дар зери бори сангини тани ғафси ӯ мисли оҳӯи ба чанги паланг афтода дасту по мезад. Ӯ Ҳашмаоғоро дар дами дар диду шерак шуд ва ба риши ғуллии Байтулло панҷа зад.
Як даста риш бо пусту хун дар кафи дасташ монд, Байтулло, ангор, дардро эҳсос намекард.
Ҳашматулло марди чолок нест, аммо ҳоло мисли гурбаи ҷангалӣ ба гардани писараш париду аз ду гӯшаш ба ақиб кашид.
-Модарсаг, мекушамат! Байтулло, ки акнун ба авҷи хоҳишҳои шаҳвонии худ мерасид, аз дард якпаҳлу афтид.
Фаришта бо истифода аз ин худро сареъ то дами дар расон, патуеро, ки Ҳашмат дар афту дарафт бо писараш афтонда буд, аз замин бардошту ҷонсарак аз зинаҳо ба ҳавлӣ давид.

пешина
аз 473
навбатӣ