Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чӣ мекунӣ и пиракии фарсудара, имрӯз не фардо мемира, бо ман ба Кобул биё, як зиндагии хуба ҷӯр мекунем. Аз сар то пот тилло мерезум, барет хона мегирум, чизе дилут бухоя омода мекунум. Чӣ гуфтӣ, нафас?
Фаришта рӯ ба Байтулло меистоду пушт ба ҳуҷраи хоб, зеҳнаш мисли мошин кор мекард, ки чӣ тавр ноаён вориди ҳуҷра шавад. Даст ба пушт ҳалқаи дарро меҷӯст. Ниҳоят оҳанро пайдо карду дарро ба шаст кушоду ба хона даромад, аммо аз қазо дар қуфлу калид надошт ва дар атроф мизу курсие ҳам набуд, ки тамбаи дар шавад. Китфҳояшро ба кор бурд, аммо он марди нарғул тамоми вазнашро ба дар партофту Фариштаро ба васати ҳуҷра тела дод. Ҳашматулло дар ҳаммом таҳорат мекард, Хадиҷа дар ошпазхона буду Марворид худро орову торо медод то ба ҷавони хизматгор нон бубарад. “Худоё худат ба додам бирас!”
-Гуфтам кор бо ризоияти ту ҳал шава, аммо ангор шуданӣ нест, ба хубӣ ки нашуд ба зурӣ ҳатман меша!
Ӯ Фариштаро дар кунҷи девор пахш карду аз сару рӯяш ҳарисона бӯсид.
-И рақам хонуми қашанг бояд моли ма боша, -мегуфт ӯ, дар ҳоле ки нафасаш дар гулӯяш дармемонд.
-Аз барои Худо, раҳм кун ман бордорам, чӣ тур метавонӣ ба зани бордор дастдарозӣ кунӣ? Гуноҳ дорад охир!
-Гуноҳу савобаш бар гардани ма, ту шалворта бикаш, ки дорам девона мешам.
-Бошад, дастатро дур кун, шалворамро берун меорам, гуфт Фаришта ва чашми Байтуллоро хато карду ба сӯи дар давид ва ҷонсарак фарёд кашид, ки ёрӣ диҳед. Садояш он қадар баланд буд, ки ба гӯши ҳамсояҳо ҳам мерасид.
Байтулло мисли девонаҳо шуд, аз гардани Фаришта кашиду ӯро ба замин хобонд. Банди шалвори сифтбастаро наёфту шабеҳи даррандаҳо эзорро бо дандон пора кард. Бо як даст даҳони Фариштаро мепӯшонд ва бо дасти дигар шалвори худро поён меовард.

пешина
аз 473
навбатӣ