ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ниҳоят сабри Байтулло лабрез шуду бо вазни шиками дамидааш басахтӣ аз ҷой бархост ва аз паллаҳои яхзада лағжида поён фаромад.
-Кабоб хеле хушмаза буд, дасти Хадиҷа дард накуна, - гуфт Марворид, ки аз рафтани бародарзодааш аслан нороҳат набуд. Ёдам рафт бигам, ки бари ту ва уштук ай бозори Кобул кулли колоҳо харидум, мехой барет нишон бидум? Ӯ хушҳолона ба ҳуҷри хобаш давид ва баъди лаҳзае бо дастаи либосҳои кӯдакона баргашт.
-Бештар пираҳани духтарона гирифтум, ҳисе дорум ки духтар мезоӣ, гуфт ӯ хушҳолона ва шиками Фариштаро навозиш кард, - як духтари мисли нанаш хушгил, хушрафтор! Хушҳолии Марворид сохта набуд, самимона менамуд, ин зан ё аз ҳад сода буд ё аз ҳад одами хуб. Магар мешавад бовар кард, ки пири фартуте мисли Ҳашмат-оғо метавонад занеро бордор кунад?
Фаришта аз ду бари рӯи Марворид бӯсид ва миннатдорона “ба заҳмат афтодед, хонумҷон”, - гуфт.
-Байтулло дар ин шаби тор куҷо рафт, -пурсид Фаришта вақте Ҳашматулло ҷони хаставу маризашро базӯр то хонаи хоб кашонд.
-Пеши оғо рафт, у дига ҷойи рафтан надора, то субҳ шаробнӯшӣ мекунаву айёшӣ!
-Дигар ба ин хона барнамегардад?
-Худо кунад, ки барнагарда!
Байтулло он шаб барнагашт, шаби дигар низ, як ҳафта гум буд. Аммо шабе бехабар дар остонаи дар пайдо шуд.
Шаби сарде буд ва барфи тар чапу рост ба дару тиреза мезад.
Маст буду бешармона механдид ва бо чашмони равғанин аз сар то пойи Фариштаро мелесид.
-Шабе, ки тура дар хонаи оғо дидум, як дил не, сад дил ошиқут шидум, оғо розӣ нашуд ва илло имрӯз зани ма будӣ.
Чиро ба и ришсафеди лавда орусӣ кадӣ? Ага шӯй мехостӣ, мага ма беҳтар аз и набудум?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо