Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аммо касеро ба ӯ коре набуд, гӯё дар сари суфраи шом ҳузур надошт. Танҳо Хадиҷа, ки ҳар лаҳза барои меҳмонҳо чою шарбату ширинӣ меовард, ташаннуҷи даври ин сурфро эҳсос мекард ва гоҳ лаб мегазиду гоҳ сарашро такон медод.
-Дига кас набуд, ки бо хизматгори додарзодат орусӣ кадӣ? - ниҳоят таркид Байтулло, ки аз қаҳр меларзид ва мехост падарашро хафа кунад.
Ҳашматулло пораи гӯштеро, ки ним соат боз дар даҳони бедандонаш тоб медод, бо қаҳр фурӯ бурду онро бо як пиёла чой аз гулӯяш поён тела дод.
-Тура ба и коро чӣ кор? Ма хо бояд ай ту машварат мехостум? Кӣ аз ту хоста ин ҷо биёӣ?
-Магар ма авлодут нестум? - садои Байтулло аз алам ларзид. Ӯ пораи нонеро, ки борҳо ба даҳон наздик бурда, гашта ба лаби суфра мегузошт, дар байни ангунштонаш фишурду шалворашро пур аз нонреза кард.
-Бадбахт будам, ки Худо мара авлоди мисли ту дода, эй кош намедод! Марворид худат хо омадӣ, и лавдара чаро бо худ овардӣ? Мага нагуфта будум, ки дига пош и хонара набина?
-Гуфтем бирем модари ҷадидмона бинем, ага медонистум, ки и ҳаму зани қочоқии даст ба даст шуда аст, валло по да ба иҷа мегузоштум!
-Ма як тори мӯи и зана аз авлоди мисли ту болотар медонум!
Байтулло бо кароҳат аз падараш рӯ гардонд. Ҳарду хомӯш шуданд. Сукутро чап-чапи даҳони Марворид халадор мекард, ки зоҳиран ба ҷанҷолҳои хонаводагии бародару бародарзодаҳояш одат карда буд ва сар аз табақи кабоб боло намекард.
Суфраи шом мисли театри ду ҳунарманд буду Фариштаву Марворид тамошобин! Падару писар рӯи аъсоби якдигар роҳ мерафтанд ва ҳар яке мехост ба дигаре сахтар неш бизанад.

пешина
аз 473
навбатӣ