ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Марворид нигарони борҳояш буд ва Фариштаро бо писари Ҳашматулло танҳо гузошта, ба хонаи худ гузашт.
Фаришта ҳам мехост ба ҳуҷраи хобаш дарояд, аммо Байтулло аз остинаш кашид ва пеши роҳашро гирифт.
-И падари лавдаи мо каси дига наёфт, ки пасмондаи додарзодаша ба занӣ гирифт??
Фаришта хост суоли ӯро беҷавоб гузорад ва Ҳашматуллоро, ки ду рӯз боз мариз буду дар ҳуҷра мехобид, ба ёрӣ бихонад, аммо аз қавлаш гашт. “Агар ҳоло ба даҳони бадбӯи ин гарданкулуфт назанам, шояд фардо ҳоламро аз будаш бадтар кунад!”
-Даҳонатро бубанду ба ман туҳмат назан! Ман ҳамсари падарат ҳастам, ту дар ин хона меҳмонӣ, қадри худро бидон ва илло ба оғо шикоят мекунам!
-Ма хо медонум, оғо пушту паноҳет буда...
-Хуб аст, ки медонӣ, пас худро аз ман канор бигир, сайъ кун, чашмам ба чашмат наафтад! Аз сари роҳи ман дур шав!
Таҳдиди шикоят ба оғо корагар шуд ё ҷасорати Фаришта Байтуллоро ғофилгир кард, ки ӯ як қадам ақиб рафту роҳро барои Фаришта боз намуд.
Фаришта беҳолона ба гӯшаи тахти хоб, ки Ҳашмат-оғои зуком ду рӯз боз дар гӯшаи дигараш ҳалқа зада буд, нишаст.
Хост достонро ба ӯ бигӯяд, аммо аз фикраш гашт. “Бош то бубинам, ки ин номард мехоҳад чӣ кор кунад.” Хадиҷа рӯи тахти айвон, ки онро бухории бузург мисли ҳаммом гарм мекард, суфра кушод ва ҳамаро ба шом даъват кард. Марворид “аз роҳ расидам, гуруснаам” гуфта, ба ғизо часпид, бародарзодааш бо ахмҳои гирифта менишаст ва ба нон нигоҳ намекард. Аҳволи Ҳашматулло каме беҳтар шуду ӯ бо Фаришта ба сари суфра омад. Марворидро ба оғӯш гирифт, вале бо писараш хеле сарду саридастӣ салом кард.
Фаришта хушҳол шуд ва табақи кабобро ба Ҳашматулло наздиктар овард.
Байтулло ҳаракати Фариштаро таъқиб мекард, аз меҳрубонии ӯ ба Ҳашматулло рашкаш меомаду ба худ мепечид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо