Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Замоне, ки ба бадтарин рӯз мерасӣ, он гоҳ дарк мекунӣ, ки он чӣ то ҳол “бад” мепиндоштӣ, танҳо як нохушӣ будаст.
Рӯзҳои бадтарини Фаришта бо қаҳ-қаҳи Марворид ба хонаи Ҳашатулло ворид шуд. Ӯ садои хандаи Марворидро аз хонаи хоб шуниду хушҳолона ба долон давид. Хоҳаршӯяш танҳо набуд, марди ғулбанге ба думболи Марворид аз зинаҳо баланд мешуд. Фаришта хоҳаршавҳарашро бо оғӯши боз истиқбол кард.
-Гуфтӣ дилтангум мешӣ, ина баргаштам, арӯсхонум, тано нестум, писарта бо худ овардум, - гуфт Марворид бо ханда ва рӯ ба марди ғулбанг овард, ки ҷомадонҳоро дар гӯшаи айвон мегузошт.
Марди чоқи миёнқад рост шуду кулоҳашро, ки то чашмонаш хамида буд аз сар бардошт ва рӯ ба Фаришта овард. Аммо, ангор, ӯро мор газид, ки ба худ печид ва чашмонаш аз ҳайрат бузург шуданд.
-И биродарзодаи мо меша, Байтулло, писари бузурги шуҳарут, ма ба и гуфтум, ки падараш зан гирифта, аммо нагуфтум, ки бо зани ҷавону зебора орӯсӣ карда! Марворид аз заковату зарофати худ танҳо худаш кайф мекард.
Бародарзодааш чун ҳайкал шах шуда, ёрои лаб кушодан надошт.
Фаришта ӯро аз нигоҳи аввал шинохт!
Мардеро, ки Марворид писари Ҳашматулло муаррифӣ кард, ҳамон марди гарданкулуфте буд, ки шаби додугирифт дар меҳмонхонаи оғо бо чашмони равғаниаш Фариштаро урён мекард, бо панҷаҳои мисли ҳасиб лундааш синаҳои ӯро дар кафаш мефишурд ва зорӣ мекард, ки ин занро ба ӯ бифурӯшанд.
Пойҳои Фаришта аз изтироб ларзиданд ва рангаш мисли гаҷи девор сафед шуд.

пешина
аз 473
навбатӣ