Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шабеҳи лулиҳои Тоҷикистон буд он зан, дар тан чанд қабат либосу ҷомаву ҷелак дошт ва чеҳрааш кулчаи мухпарзадаро мемонд. “Ин чӣ маконест, ки ҳар нафари дуюм дар сураташ доғи чечак дорад!?” Он зан Фариштаро рӯи долон хобонду шикамашро ин тарафу он тараф тоб дод, болову поёнашро даст кард, дуру дароз сукут варзид ва ниҳоят натиҷаи “муоина”-ашро элон кард.
-Уштуку нанаш ҳарду саҳату солиман!
-Аз куҷо фаҳмид, ки уштук солим аст, бо худаш хо дастгоҳе надошт? -пурсид Фаришта вақте доя бо хола Наврӯз пасопеш бо эҳтиёт аз зинаҳои яхбаста поён мешуданд.
-Бубин духтар, шояд дар ватани ту занора табибо зоймон кунан, аммо иҷа Афғонистон аст, иҷа духтур камёб аст, и зане, ки мебинӣ, аз сад табиб болотара, садҳо уштуки чаппара рост када ва садҳо бачаи дар шиками нана дармондара берун кашида. Ҳеҷ касе ба пош намераса!
-Мо ҳам як кампири Сокина доштем... дояи маҳалла буд, то духтур мерасид, ки бачаҳо рӯи дастони ӯ таваллуд мешуданд...”Чаро ман аз Сокина ёд кардам? Шояд хостам хола Наврӯз нороҳат нашавад, ки ватанашро қафомонда гуфтам? Ё шояд мехоҳам бачаам рӯи дастони кампири Сокина таваллуд шавад, мисли хоҳарони нозанинам, мисли бачаҳои маҳаллаамон?
Хола Наврӯз нагузошт, ки Фаришта онҳоро то дами дар бадрақа кунад.
-Баргард бачем, худа заҳмат наде, мо худмон роҳа пайдо мекунем, -гуфту аз остини “доя” кашиду ҳарду дар такяи якдигар аз ҳавлӣ берун шуданд.
Фаришта аз баландии зинаҳо ба қомати резаи хола Наврӯз нигоҳ мекард.
Худо хайрат диҳад хола Наврӯз, ки дар рӯзҳои бад маҳрами розам будӣ ва аз ман рӯ нагардондӣ!” Рӯзе, ки ин андеша аз зеҳни Фаришта мегузашт, ӯ ҳатто наметавонист тахмин бизанад, ки байни сифати рӯзи “бад”-у “бадтарин” фосилаи зиёдест.

пешина
аз 473
навбатӣ