ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Моҳи шашуми ҳомиладориаш ба охир мерасид, аммо шикамаш намоён набуд.
Танҳо Ҳашматулло медид, ки шиками чун маска нарму ҳамвори занаш то рафт тарангу бузургтар мешавад.
Мӯйсафед хушҳол набуд, ки Фаришта ба ин зудӣ обистан шуд, ӯ ҳанӯз аз оғӯши ӯ сер нашуда буд.
Фаришта хулқу хӯи шавҳарашро медонад, аз ин ҷост, ки банди ҳамаи шалворҳояшро кӯтаҳ кард, то саҳар рӯ ба девор мехобид, то мабодо ин пиракии хира эзори ӯро поён бикашад ва нутфаи ҳаромашро ба рӯи тифл бирезад.
Хаёли оғо ҳам дигар Фариштаро мисли гузаштаҳо озор намедод, дардаш кунд шуда буд. Гоҳо ин алам, ки ӯ якбора пушташро холӣ кард, нохудогоҳ мисли вулқони бедоршуда аз қалби зарбхурдааш берун меҷаҳид ва аз нӯки ангушт то решаи мӯяшро месӯзонд. Аммо ба ҳамон суръате, ки берун меҷаҳид, фурӯкаш мекард. Гоҳо бе ҳеҷ ҳадаф, бе ҳеҷ хаёл соатҳо ба як нуқта хира мешуд, дақиқан мисли Жило, хонуми бузурги оғо, ки занҳо мегуфтанд тарёк мекашад.
-Ҳатман дурӯғ мегӯянд, ман, ки бетарёк хаёлӣ шудаам, чӣ расад ба Жило, ки оғо ба рӯяш бо сад зан ишқварзӣ кардааст!
Рӯзҳои охир дар бораи аҷуза бештар меандешид фоли аҷуза, ки мегуфт, рӯзе пули бузургро убур мекуниву ба назди хонаводаат бармегардӣ, тарҳи бозгаштро бо сад ранг дар зеҳни Фаришта тарроҳӣ мекард.
Даст рӯи шиками дамидааш мегузошт ва тифлакашро навозиш мекард.
Ягона дилгармиву дилхушиаш ҳамин пораи ҷонест, ки дар зери қалбаш дил мезанад ва рӯз то рӯз бузургтар мешавад. Дар ин мулки ғарибӣ, дар байни ин ҳама бегонаҳо, дар ин тирагиҳо ин тифл ягона хешу ҳамхунаш мешуд. “Дар ин харобкада на духтур аст на дармонгоҳ, худоё худат кумакам кун!” Моҳи ҳафтуми ҳомиладориаш даромада буд, ки хола Наврӯз як субҳ зани ҷандапӯшеро бо худ ба хонаи Ҳашматулло овард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо