Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Тупаки абрувони пайвандиаш, ки шояд замоне дар тоқи баланди пешонияш ҷой дошт, акнун ба саргаҳи димоғи нозукаш мехамид.
Аз чеҳраи хушку дурушти ӯ намешуд маъние бардошт.
Маълум буд, ки ба касе эътимод надорадад ва дар ҳар нияти нек низ макр меҷӯяд. Хомӯшӣ он қадр тӯл кашид, ки Фаришта безобита шуду аз ҷой бархост.
-Хушҳол мешавам, агар бо мо бимонед... дар паҳлуи ошпазхона утоқи муҷаҳҳазе ҳаст, хоҳед он ҷо бихобед, нахоҳед, боло бароед он ҷо ҳам чанд ҳуҷраи холӣ аст, якеро интихоб кунед.
Хадиҷа лаб накушод, аммо шом ҷойе нарафт, чароғи рӯшани ҳуҷраи паҳлуи ошпазхона аз ин аломат медод, ки ӯ пешниҳодро қабул кардааст. Фаришта ҳам будубоши доимии Хадиҷаро дар ин хона ба Ҳашматулло тавҷеҳ кард.
-Ман як зани ҳомилаам, танҳо мондан бароям хуб нест, аз Хадиҷа хостам шабҳо ин ҷо бимонад..., ту хо аз и нороҳат нестӣ?
-Хуб коре кардӣ, дига аз танҳои диқ намекунӣ.
Он чӣ дар ин хонаи бузург намерасид, қаҳ-қаҳи осмоншикофи Марворид буд, ки қавли бозгашт доду як ҳафтаи ваъдагиаш ба моҳҳо кашид, тирамоҳ ба поён мерасиду аз ӯ дарак набуд, шояд дар Кобул дилгармии беҳтаре пайдо кард. Бо фарорасии сардиҳо ҳавлии мисли гӯристон дилгири Ҳашмат-оғо дилгиртар мешуд. Рӯз дар миён борон меборид ва боди сард бӯи барфро аз ҳамин наздикиҳо меовард. Роҳраву паллаҳои яхбаста гувоҳи фарорасии як зимистони сард буданд. Ҷуфти товус низ рӯзона аз лобалои шохаҳои баҳам печидаи дарахтон танҳо барои обу дон поён мешуд ва шабона думи дарози худро кашолакунон ба хонаи чӯбине мехазиданд, ки ҷавони хизматгор барояшон омода карда буд. Фаришта низ акнун барои гардиш дар ҳавлӣ ангезае надошт, бораш вазнинтар мешуд ва тифли батнаш такон мехӯрду модарро аз вуҷуди худ огоҳ мекард.

пешина
аз 473
навбатӣ