Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Шумо ин хонумро мешиносед? Ба назарам одамҳоро хуш надорад, одамгурез аст... ё шоядба назари ман чунин менамояд.
Ҷавон эҳтиёткорона ба атроф нигаристу ба Фаришта наздиктар омад.
-Ма ира ба шумо мегум, аммо ном Худо ба касе наген.
Хадиҷа сарнавишти бисёр талх дора, и доим итурӣ набуда, фоҷеае саруш омад, даҳ соли умрша дар зиндон тир када...
-Чӣ фоҷеъа?
Одам кушта...
-Ваҳ!
-Шумо натарсен, дига ба касе озоруш намераса, шӯи худа кушта буд ва хубам кард! У номарди тарёкӣ духтарои ноболиғи худа таҷовуз када, Хадиҷа хабар шуду бо табар ба саруш зад. Даҳ сол дар зиндон буда..., то хориҷ шуд, ки духтарош аз гуруснагиву маризӣ мурданд, ба ғайри ғам дига кас надора, дилуш мисли санг шуда. Ай хешои дури модирим меша, ма ай оғо тавалло кадум, ки ӯра ба кор бигира, ки шояд саруш ба кор банд шава ва ғамоша каме аз ёд бубара.
Я кулбаи вайрона дора, ки на ав дора на оташ, тифлак хеле муҳтоҷ аст.
Фаришта мутаассир шуд, дилаш ба ҳоли Хадиҷа сӯхт, аммо метарсид аз ӯ дилҷӯи кунад, бо раҳм ба ӯ нигоҳ мекард ва бечораҳолона лабханд мезад.
-Чӣ шуда хонум? Чаро ба ма итурӣ ниго мекунӣ? Мага иштибоҳе муртакиб шудум? - гуфт ниҳоят Хадиҷа, ки шояд ба нигоҳҳои пайвастаи Фаришта машкук шуда буд.
-Чизе нест, гуфтам, агар дар хона коре надоред, шабҳо ин ҷо бимонед, Ҳашмат-оғо баъзан дер бармегардад, росташ ман аз танҳоӣ метарсам... шумо бароям қуввати дил мешавед...
Хадича бори аввал ба рӯи хонуми хона нигоҳ кард.
Нигоҳаш сарду теғдор буд. Чашмони обиаш дар зери раддаи мижгонҳои чун ёли асп дурушт, мисли ду пора яхи сафед менамуд.

пешина
аз 473
навбатӣ