ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Фаришта бо баҳонаи дилбеҳузурӣ аз ӯ мегурехт, вале гоҳо бо даҳони баста сураташро ба лабҳои носолудаи Ҳашмат наздик меовард ва бо чашмони пӯшида ба ӯ “моч” медод, то ҷонаш аз ин пирамарди шилқин халос шавад.
Хола Наврӯз ҳам, ангор, рисолаташ ба поён расид, ки дигар ба Фаришта зиёд сар намезад. Боре омаду гуфт, ки Ҳашмат-оғо ҳомиладории Фариштаро ба аҳли хонаи калон эълон кард ва аз оғо севанчӣ гирифт.
-Валлоҳ, касе айрон нашуд, оғо аз ханда нафасгир шуду як даста пайсара ба ӯ дод. Лабони Фаришта алам пир-пир париданд ва чашмонаш ғарқи об шуд.
-Чиро гирён мекунӣ? Мага ма ту нагуфта будум, ки ӯ рӯбоҳи маккор яхаи тура ило мекуна? Кадом бузурге дар пуштат буда, ки аз ӯ осон халос шудӣ! “Чаро маро озор медиҳӣ, хола, эй кош, баром дурӯғ мегуфтӣ, мегуфтӣ, ки оғо маро фаромӯш накардаст, ҳанӯзам дӯстам медорад. Ман аз ин дурӯғ шод мешудаму ин зиндагии тоқатфарсоро таҳаммул мекардам.” Рӯзҳои Фаришта акнун бо хоб сипарӣ мешуд, коҳилона меҷубмид, дасту пояш аз беҳаракатӣ варам мекард ва рӯзҳо дар назараш мисли моҳ тӯлонӣ менамуд.
Ӯ гоҳо аз зинаҳо пойн мешуду ба товусҳо дон медод. Ин мурғакони хушбол ба Фаришта меҳр бастанд, аз кафаш дон мебардоштанд ва баробари дидани ӯ парҳои рангоранги худро боз карда, даври ӯ хиромон чарх мезаданд. Ҷавони хизматгор боре гуфт, ки товусҳо одамшиносанд ва ба ҳама ром намешаванд.
-Валлоҳ, и товусо ба шумо дил бастан, хизматгорои хонаи калон мегуфтан, ки инҳо касра ба худ наздик шудан намемондан, шабу рӯз фарёд мекашидан... аммо шуморо дӯст доштан.
-Ман ҳам инҳоро дӯст медорам... гуфт Фаришта ва пеш аз он ки ҷавони шармгин аз наздаш дур шавад аз ӯ дар бораи Хадиҷа пурсид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо