Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Итурӣ, ки боша, бари як ҳафта мерум! Биродар буру, ба оғо бугӯ, мошиши Шопура бари ма омода куна!
Фаришта исми Шопурро шуниду чашмонаш аз шодӣ барқ заданд. Дилаш мехост як бор ба чашмони Шопур нигоҳ кунад ва аз ӯ бипурсад, ки чаро оғо пушташро холӣ кард.
Шопур нимаи рӯз омаду ба ҳавлӣ ворид нашуд, мошинаш ду-се дафъа буғ заду Марворид пешо пеш ва хизматгари ҷавон ҷомандонҳои ӯ дар пушт, ба кӯча баромаданд.
Марворид рафту хона холӣ шуд. Хизматгори нав, ки Ҳашматулло ӯро Хадича садо мекард, як зани миёнсоли камгапу абус буд, ки ба чашми одам нигоҳ намекард. Қомати мисли шамшод росту базеб вале чеҳраи сиёҳранги чун хишт дурушт дошт. Аз лаҳзаи аввал ба Фаришта каҷ-каҷ нигоҳ кард ва аз ҳузури ӯ дар ошхона хушаш наомад.
-Хонуми кӯчак, ма оли и тавона дорум, ки корои хонара тано саранҷом кунум, буру ба хонат, пирҳанут бӯи руған мегира, -гуфт ӯ бо ахмҳои гирифта. Шояд аз ин нигарон буд, ки агар Фаришта ба ӯ кумак кунад, Ҳашматулло аз маошаш мезанад ё аз гузаштаи Фаришта хабар дошту нописандӣ мекард.
Ҳарфу каломи ӯ бо Фаришта танҳо бо ҷумлаи “хонум ғазота овардум, буланд шу” маҳдуд мешуд. Фаришта эҳсоси танҳоӣ мекард ва нон аз гулӯяш намегузашт. Чанд дафъа Хадичаро сари суфраи субҳона даъват кард, аммо ӯ “ма нонма амиҷа мехӯрум” гуфту аз ошпазхона берун нашуд.Тамоми кори хонаро бар дӯш гирифт, зани тозакоре баромад, мепухту мешуст ва ҳамаҷоро соатҳо тамиз мекард.
Бо Фариштаву Ҳашматулло ҳарф намезад, гоҳ-гоҳ ҷавони хизматгорро садо мекарду ба ӯ нон медод, бо он ҷавонак мисли модар меҳрубон буд. Ҳашматулло ҳам ба ҳарфаш вафо кард, бештар аз гузашта бо Фаришта меҳрубон буд.
Гоҳо хумори бӯсу канораш мегирифту мисли саги хапгир аз пушт ба думбаи Фаришта мечаспид, зорӣ мекард, ки “аз барои Худо як моч биде”.

пешина
аз 473
навбатӣ