ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Марвориду Хола Наврӯз бо хандаву шӯхӣ пулҳоро аз рӯи долон бардошта, “бо иқа пул ҷонут халос намеша, Ҳашматоғо!” - мегуфтанду пирамардро ба саховатмандӣ таҳрик мекарданд.
Фаришта ҳам беҳолона лабханд мезад, на барои қадршиносии Ҳашмат-оғо, ӯ аз ин шод буд, ки эълони ҳомиладориаш осону бидуни шакку шубҳа пушти сар шуд.
“Парвардигоро, беадад шукр ба даргоҳат, ки мушкиламро осон кардӣ, илтиҷо дорам, идомаашро ҳам чунин осон бигардон!” Хола Наврӯз бо меҳра ба чеҳраи рангпаридаи Фаришта чашм дӯхт ва баъд чизе гӯё ба хотираш расид, ки рӯ ба Ҳашматулло овард.
-Дига хонума зиёд азият наку, занут уштука бояд хуб ба бор биёра, фомидӣ? Ҳаматулло шабеҳи кӯдаке, ки бозичаашро аз дасташ мегиранд, сарашро хам карду лабу дунҷаш овезон шуд. Ӯ безори кӯдак буд, вале “чашм, ҳар чӣ ту бигӣ Наврӯз”, гуфт бо овози нимшунаво.
Ҳашмат ба аҳдаш вафо кард, ӯ намегузошт, ки Фаришта даст ба оби хунук бизанад, барои корҳои хона хизматгори нав овард.
Бо омадани хизматгори нав Марворид ҷомадони кайҳо омодаашро бардошту озими Кобул шуд.
-Наравед хонумҷон, ман дар ин хонаи бузург бе шумо диқ мекунам,- зорӣ кард Фаришта, ки ҳеҷ намехост рӯзи дароз бо Ҳашматоғо танҳо бимонад.
Марворид аз хушҳолӣ сурх шуд.
-Рост мегӣ арӯсхонум? Дилут баром танг меша?
-Худо шоҳид, хонумҷон, шумо бари ман мисли хоҳар шудед...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо