Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Духтар, ту хостӣ холата аз тарс букушӣ? И чӣ рақам меҳмондорӣ буд?- Шӯхӣ кард хола Наврӯз ва сари Фариштаро болотар бардошт. -Буланд шу, як каме рӯи долон бихоб, ҳолат хуб меша.
Фаришта бо кумаки ҳарду аз паллаҳо баланд шуд, ранг дар рӯ надошт.
-Ҳашмат-оғо, худа канор бикаш, як маризи нимҷон бари мо кофӣ аст! Амр кард хола ва Ҳашматулло нолишкунун аз сари роҳи занҳо дур шуд.
Хола Фариштаро рӯи долон хобонду даст ба сару шикамаш зад, мисли табибҳо инсую онсуро ламс кард ва ниҳоят хам шуду гӯё аз Фаришта чизеро пурсид. Марворид бо чашмони аз ҳайрату нигронӣ шукуфтааш ҳаракатҳои холаро таъқиб мекард.
Хола баргашту ба сӯи Марворид чашмак зад.
Бахайр аст, Марворид, мошоллоҳ бо соҳиби як додарзодаи дига мешӣ! Хола аз чунин сурат гирифтани кор, ки маросими эълони ҳомиладории Фариштаро барояш осону табиӣ мекард, хушҳол шуд. Марворид хост лабханд бизанад, аммо чеҳрааш аз ҳайрату нобоварӣ каҷукилеб шуд.
-Рост мегӣ? Ҳомила шуда?
-Дурӯғ чаро? Мега аз омаданаш ба и хона дига ҳайз надида. Марворид, и биродари ту аз рӯи занака поён намеша, мехостӣ чӣ шава дига?
-Ҳашмат, шунидӣ Наврӯз чӣ мега? Мега занут ҳомила шуда! Чеҳраи Марворид аз шодӣ шукуфт ва осемасар ба утоқи худ давид. Бо ҳама камиву костӣ, Марворид каме содалавҳ буд ва маъмулан ба ростии ҳарфи ҳамсуҳбат шубҳа намекард. Ӯ зуд баргашту бо худ як чодари зарҳалиашро онеро аз ҳад беш дӯст медошт, ба сари Фаришта пӯшонд. Аз ин ки чодари дӯстдоштаашро барои чунин рӯзе қурбон кардааст, чашмонаш аз ифтихор медурахшиданд.
Ҳашматуллои беҳол, ки мисли пирамарди бачамурда сар ба зонуи ғам дар такяи девор менишаст, бо шунидани хабари ҳомиладории Фаришта гӯё ҷони тоза гирифт, ки “қурбони у чашмои қашангут бишам, духтар!”- гуфту бо дастони ларзон аз ҷайбаш як дарза пулро берун оварду ба ҳаво пош дод.

пешина
аз 473
навбатӣ