Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хола Наврӯз нимаи аввали рӯз бо табақу тавсин омад, товусҳоро диду бо кароҳат аз онҳо рӯ гардонд.
-Товусҳоро оғо бароям ҳадя фиристод, ...Ҳашмат-оғо гуфт...
-Иқа дилта хуш наку, да у хонаи калон мардум ай овози и товусо ба дод омадан, оғо маҷбур шуд инора ба и хоҳару бародари хинг “ҳадя” куна.
“Ҳарфи хуш дар бораи оғо аз ту байид аст, холаҷон!”
-Аз и када да и фикр бош, ки читури имрӯз ҳомиладорита ба Ҳашмат эълон кунем!
Аз ин хабар ба тани Фаришта рашъа дамид ва сараш чарх заду аз тарс дар паллаи аввали зинаҳо ғаш кард.
-Буду Марворид, Ҳашматулло куҷоӣ, буду поён Фаришта ғаш када!
Марворид чун ҳамеша дар пушти дар буд, ки аз панҷара калла кашид ва сареъ бо косаи об поён давид.
-Чӣ шуда ба арӯсхонум?
-Нафомидум, якбора ғаш кад, гуфт хола бо нигаронӣ ба рӯи Фаришта як панҷа об зад. - бардор ира боло бубарем!
Хола Наврӯз ва Марворид дар такопуи аз паллаҳо боло бурдани Фаришта буданд, ки каллаи кадумонанди Ҳашматулло аз панҷара намоён шуд. Ӯ Фариштаи дар замин хобидаро диду беҳолона ба погаҳи айвон ғеҷид.
-Чӣ шуда ба зани ма? Садояш меларзид ва пойҳояш мисли пахта нарму беҷон шуданд.
-Валло, зури мо ба бардоштани арусхонум намераса, у ҷавони хизмтгора садо кун, ки ба мо кумак куна? Марворид дар ҷустуҷӯи хизматгор ба чаҳор сӯи ҳавлӣ нигоҳ кард, аммо аз ӯ дарак набуд.
-Хизматгоре даркор нест, Марворид, ҳолаш хуб меша.
Ӯ сари Фариштаро рӯи зонувонаш гузошта ба рӯяш об пошид ва бо лаби рӯсарӣ ба даҳонаш об чаконд. Фаришта оҳиста ба ҳуш омад.

пешина
аз 473
навбатӣ