Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Осемасар аз зинаҳо ба саҳни ҳавлӣ давид. Яке аз товусҳо, оне, ки дар тан “пероҳан”-е аз махмали кабуд дошт, думашро мисли бодбезак такон дода, бо ноз роҳ мерафт ва дигаре ба думболаш мегашту мисли гурба бузург садо мебаровард. Он думи рангоранг ҳалқа ҳалқа чашм дошт, ангор дасте он чашмҳоро пушти сари ҳам наққошӣ карда буд.
Товуси хокиранг як лаҳза ҳам аз ҷуфти худ дур намешуд, аз садои ларзиши парҳои бозшуда ба ваҷд меомад ва тоҷи рӯи сараш хаму рост мешуд.
-Якеш зан асту дигаре мард. Ун товуси кабуд занеш аст, ...гуфт ҷавони хизматгор, ки дар ин саҳари муллоазон ҳавлиро аз порӯи товусҳои хушхиром тамиз мекард.
-Оғо ин товусҳоро аз куҷо оварда бошад? Фаришта мехост аз даҳони ҷавони хизматгор гап бикашад.
-Хонум мегуфт, ки оғо товусҳоро аз Дубай овардаст.
Дигеша намедонум.
Фаришта мехост товусҳоро бағал кунад ва алами дилтангии оғоро аз онҳо аз онҳо бигирад. “Оғо фаромушам накардаст, хола дурӯғ мегӯяд, ки оғо бехаёли ман шудааст, оғо маро дӯст медорад, вагарна чаро бояд бароям чунин ҳадяи шоҳона бифиристад!” Хаёлҳои ширини ӯро садои ҷарангосии Марворид пароканда кард.
-Ангор, аз ҳадяи оғо хушат омада, ки шаби дарозро пушти панҷара рӯз кардӣ!
“Оҳ ҷосуси бехоб, чизе аз назари ту пинҳон намемонад!
Фаришта бо лабханди иҷборӣ “хеле мақбуланд”- гуфт.
-Ҳмм...
-Ба и мурғако наздик наша, у хизматгор худуш аз уво муроқибат мекуна, фомидӣ? Садои Марворид оҳанги таҳдид дошт.
-Бале хонумҷон, фаҳмидам...
Ӯ аз тарси Марворид дигар ба товусҳо наздик нашуд, аммо зери панҷараи долон дон мепартофту онҳоро ба сӯи худ мехонд.

пешина
аз 473
навбатӣ