Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Надонист, ки чӣ тавр то назди Ҳашматулло расид. Он ду паррандаи хушранг ҷуфти товуси хуштоҷ буд, ки яке, ангор, ба тан махмали кабуд кашида буд ва дигаре ранги хокистарӣ, аммо думи дарози хушранг дошт. Фаришта қадаме пеш гузошту хост он мурғҳоро ба оғӯш бигирад. Аммо товусҳо баробари аз қафас раҳо шудан тоҷҳои худро такон даданд ва ба сӯи дарахтҳои баланд бол кушоданд.
Ҳашматулло чӯби дарозеро бардошту хост товусҳоро аз шохаҳо поён биёрад. Чӯбро гоҳ дар як шоха мехалонд, гоҳ дар шохаи дигар, аммо қомати пасташ ба шохаҳои баланд намерасид.
Аммомааш аз сараш уфтоду мисли пойандози дароз дар рӯи ҳавлӣ паҳн шуд.
-Чӣ мекунӣ? Мон бандахудоҳо ором бигиран, гушна ки шудан, ба замин мефуроян, - гуфт Марворид ва чӯбро аз дасти бародараш дур андохт.
-Исмат, пеши қафаси товусҳо обу дон бимон, шаб, бо гушна намонан, дадарзодаам бари инҳо кулли пул харҷ када.
Марворид инро бо ишва гуфту танашро ба бозуи хизматгори хушқиёфа молида ба сӯи паллаҳо рафт.
-Арӯсхонум бари мо хо як чой биёр, ки тамоми рӯз ошу кабоб хӯрдем, -гуфт ӯ раҳ ба раҳ.
Фаришта аз ҷой наҷумбид, ҳушу ёдаш ба он ду товус буд, ки бо вуҷуди шоми нимарӯшан чашмонашон мисли марворид медурахшид.
-Диқ наку ҷигар, фардо бо онҳо кулли бозӣ мекунӣ, биё бирем хона, ки дилам барот танг шуда.
Фаришта ноилоҷ аз паси Ҳашматулло ба хонаи хоб рафт, аммо ҳушу ёдаш ба он ду мурғи хушпару бол буд. Шаб чанд дафъа аз панҷараи айвон ба берун нигарист, ки шояд товусҳо аз шохаҳо пойн шуда бошанд. Аммо ҳадяи оғо мисли худаш ҳамоно дастнорас буд. Билохира рӯи курсии роҳат хобаш бурд. Саҳар ӯро садои гурбамонанде аз хоб бедор кард. Он ду мурғи хушболу парро дид, ки рӯи ҳавлӣ хиромон қадам мезаданд.

пешина
аз 473
навбатӣ