Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳавои тирамоҳ ғаримаъмул гарм буд, офтоб намедурахшид, аммо гармии сӯзонаш аз паси абрҳо низ эҳсос мешуд. Ҳашматулло гуму гӯр буд ва Марворид низ ба назар наменамуд. “Ин хоҳару бародар, ки мисли мокиёни курк аз хона берун намешуданд, дар ин субҳи дилгирифт куҷо рафтанд? -ба худ гуфт Фаришта. Тамоми рӯз дар хона танҳо буд, то нимаи рӯз ба корҳои хона андармон шуд ва нимаи дигари рӯз чашм ба роҳи хола Наврӯз нишаст. Хола дирӯз наомад, имрӯз бояд меомад, то ҳомиладории Фариштаро эълон кунад. Аммо аз ӯ дарак набуд.
Бародару хоҳар бегоҳ бо чеҳраҳои шод ва бо ду хизматгору як қафаси бузург ва ҷаъбаҳои зараҳалӣ баргаштанд. Хизматгорҳо қафасро дар замин гузошта, рӯ ба Ҳашматуллои хасис оварданд, ки агар вақти дигар мебуд бо ҳазор баҳона аз пардохти музди меҳнати хизматгорҳо шона холӣ мекард.. Аммо ҳоло хушҳолу саховатмандона даст ба ҷайб бурду як мушт тангаро ба кафи хизматгорҳо рехт.
Фаришта ин саҳнаро аз паси шишаи айвон тамошо мекард, вале нигоҳи Ҳашмат-оғоро ба сӯи панҷара диду бо аҷала ба курсии роҳат нишаст, то он ришсафед фикр накунанд, ки арӯси нав аз паси соҳибхонаҳо мепояд.
-Фариштаҷон, биё поён, ҷигар ма барот ҳадя овардум, - фарёд зад Ҳашмат-оғо, ки бо як даст аммомаашро аз уфтодан нигаҳ медошт ва дасти дигар дар пешонӣ ба панҷараи айвони баланд нигоҳ мекард.
-Буду ҷигар, бин бари ту чӣ овардум!
Фаришта бо дили нохоҳам ва лабханди сохта аз зинаҳо пойин шуд. Ҳашматулло Фариштаро диду дари қафасро кушод ва ду паранадаи хушрангро, ки думи дарозашон дар қафаси танг чорқатъ шуда буд, раҳо кард.
-И мурғои қашанга оғо бари ту фиристод, гуфт, ки ай мо бари Фаришта ҳадя бубар.
Фариштаро гӯё барқ зад, пойҳояш ба ҳам печиданд ва дар васати паллаҳо шах шуд, танаш аз ҳаяҷон меларзид ва қалбаш гӯё аз сина берун меҷаҳид.

пешина
аз 473
навбатӣ