Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Ман ҳисоби рӯзу моҳро гум кардаам, хола, чанд рӯз боз ин ҷоям?
-Сабо як моҳ пур меша, иншооллоҳ ҳафтаи оянда хабари ҳомиладорита ба Ҳашмату Марворид мерасонем.
-Худоё ҳамаш хуб бигзарад, ман метарсам..
-Нигарон набош, бузургтарин қурбонира кардӣ, ун тарфуш Худо меҳрабон аст.
Субҳ борони гарм борид ва дарахтҳои болобаланди боғи Ҳашматуллоро шустушӯ дод. Аҷаб дархтҳое дорад ин боғ, решаҷудо, аммо шохаҳояшон ба ҳам омехта. Дар ин ҳавлӣ чаҳор ҳамсари Ҳашмат-оғо умр ба сар бурданд, бача зоиданд ва то сини панҷоҳ нарасида аз дунё гузаштанд. Аммо хона ин эҳсосро медод, ки гӯё ин занҳо аслан ин ҷо набуданд.
Ҳашматулло аз даҳ фарзанд танҳо чаҳор нафар, аз ҳар ҳамсар якфарзандӣ -ду духтару ду писарро зинда ба даст овард, боқӣ дар синни кӯдакӣ мурданд. Ду духтару як писараш дар Аморати Арабӣ ва писари аз ҳама бузургаш дар Кобул зиндагӣ мекунад. Марворид гуфт, ки онҳо бо ҳам тифоқ нестанд, бо падар низ.
Ӯ гоҳ бо бародараш ҷанг мекунад ба сари ӯ ҷиғ мекашад, таъна мезанад, ки “сари чаҳор зана ба бод дода”. Бародараш ҳам паст намеояд, бо даҳони аз хашм кафккарда хоҳарашро дашном медиҳад. Ҳарду мисли девонаанд.
-Хонаат мурдахона шава, ришсафеди лавда, - мегӯяд Марворид ва ба азми Кобул ҷомадонашро омода мекунад.
Баъд, қаҳри ҳарду паст мешаваду бародараш “гули ягонаи ман, маҳтоби хонаи ман” - мегӯяд ва Марворидро ба оғӯш мегирад.
Марворид ҳам кӯдакона ноз мекунад ва сар ба шонаҳои бегӯшти бародараш мегузорад. Аз тамоми авлод шояд ҳамин Марворид аст, ки аз бародараш муроқибат мекунад ва оғо, ки Ҳашмат-оғоро ҷойгузини падараш медонад.
Як субҳ Фаришта дертар аз хоб баланд шуду касеро дар хона пайдо накард.

пешина
аз 473
навбатӣ