ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
-Арӯсхонум ту чандсола астӣ? -боре пурсид аз Фаришта.
-Сисола ҳастам хонумҷон.
-Қариб амсол будем,- гуфт ӯ бо ишва.
Ӯ ба ҳар марде, ки аз дари хона ворид мешавад, бо назари харидорӣ нигоҳ мекунад ва чашмонаш аз хушҳолӣ барқ мезаданд. Ҳашматулло ду ҳафта пеш як ҷавони танумандро барои нигоҳубини аспҳояш ва поккории ҳавлӣ истихдом кард, ки қомати баланд, шонаҳои васеъ, пусти сафед ва чашмони обӣ дорад, хеле хушқиёфа аст. Марворид он ҷавонро мебинаду аз ҳаяҷон меларзад, бетоқат мешавад, дар тӯли рӯз чанд дафъа либос иваз мекунад ва бо ҳар баҳона дар зинаҳо болову поён меравад:
-Як пора нон бари и хизматгора барум, гушна шуда, гуноҳ дора, - мегӯяд ва соатҳо гуму гӯр мешавад.
Хола Наврӯз рӯз дар миён аз Фаришта хабар мегирифт, ғизоҳои хушмаза меовард, афсурдагии ӯро аз зоҳираш мехонаду маънидорона мижа мезад, ки “сабур бош, ҳамаш хуб меша, каме дигаш монда.” Фаришта ноумедона сар хам мекард.
-Ман кайҳо аз баҳри танам гузаштаам, хола, шабҳо, ки ин пиракии шаҳватпараст маро азият мекунад, ангор, рӯҳ аз танам ҷудо мешавад ва аз сақфи хона ба ҳоли танам гиря мекунад. Маро дигар ашке намонда. Як бори дигар агар оғоро медидам...
-У достон тамом шуда, духтар, кош медонистӣ, ки оғо ба ту арзише қоил нест! Хола сарзанишомез ба Фаришта нигоҳ карду бехайрухуш рафт.
Фаришта намехост холаро нороҳат кунад, хола ягона пайванди ӯ бо оғо буд, чашмони хола ҳар рӯз оғоро мебинанд, дастонаш барои ӯ ғизо омода мекунанд, дар мошини Шопур дар ҷойи оғо менишинад, бо ҳар омаданаш бӯи оғоро бо худ меорад. “Амон аз он рӯз, ки хола дигар наояд”, - бо ҳарос меандешид Фаришта. Аммо хола рӯз дар миён бо табақи ғизо ва даҳони пур аз ханда меомад ва Фаришта аз хушҳолӣ нафасгир мешуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо