Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳар шаб, вақте Фаришта аз зери бори устухонҳои чун хордарза дурушти Ҳашмат берун меояд ва бо аҷала ба сӯи ҳаммом мешитобад, дар дами дар бо Марворид сар ба сар мезанад. Фаришта аввалҳо фикр мекард, ки Марворид бародардорӣ мекунад ва бо сарчоқу патӯ пушти дар меистад то домоду арӯс роҳат ба ҳаммом бираванд.
Аммо чанд маврид Марворидро пушти дар нишаста дид, ки даст зери домон ронҳои хушкида ва синаҳои паҷмурдаи худро навозиш мекард. Мардумаки чашмони фурӯрафтааш аз ҳаловат дар пардаи тунуки пилки болоияш дармонда, аз даҳони нимабозаш оҳҳои сӯзон сар медод. Баъд, субҳ аз хоб, ки баланд мешуд, табъи болида дошт ва зери лаб тарона замзама мекард.
Хола Наврӯз дар бораи Марворид ҳарфҳои ҷолиб мегуфт. Марвориди ҳафтодсола як зани безурётаст, ки ду дафъа издивоҷ карда, ду дафъа ҳам бева мондаст, бори аввал дар биступанҷсолагӣ ва бори дувум вақте чиҳил сол дошт.
Дар ҷавонӣ он қадар шаҳватпараст будаст, ки ҳамсаронашро беҳол ва аз худ гурезон мекард. Шавҳари дувумаш, ҳамоне ки ӯро дар чилсолагӣ бева кард, гоҳо шабҳо рӯи бом мехобид, то аз дастдарозиҳои Марворид роҳат шавад. Овозаи носерамии Марворид ба гӯши падар ва бародаронаш ҳам расида буд, ки онҳо хосгорҳои Марворид ноумед карданд ва тарҷеҳ доданд, ки ӯ барои якумр бева бимонад.
Мегӯянд, ки Марворид дар маҳалли сарватмандҳои Кобул хонаи барҳаво дорад, аммо аз тарси писари Ҳашматулло, ки дар ҳамсоягии ӯ зиндагӣ мекунад, наметавонад хоҳишҳои шаҳвониашро бароварда созад.
Дилтангӣ ба оғӯши мард дар так-таки ҳаракатҳои Марворид - дар пероҳанҳои рангоранг, нозҳои “духтарона”ва абрӯпарониву чашмакзаниҳояш эҳсос мешавад. Бадтар аз ҳама, Марворид ҳанӯз ҳам бовар дорад, ки ӯ як зани ҷавони ҷаззоб аст.

пешина
аз 473
навбатӣ