Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хола хеле гӯш ба карӣ зад ва чун ҳамеша гуфт:

  • Бирам, ки кулли кор дорум, - мунтазири чойи гарми Марворид нашуду сареъ аз ҷой бархост.
    -Хола...
    Хола медонист ки Фаришта мехоҳад аз оғо аҳвол бигирад, бинобар ин суҳбатро амдан ба самти дигар кашид.
    -Фардо ага фурсат шуд, барот ошу нон меорам... бо и Марворид нага, ки ту саробон надорӣ..
    Хола пушт ба Фаришта карду сареъ аз зинаҳо пойин шуд ва раҳ ба раҳ “дар паноҳи худованд бошӣ, духтар!”- гуфт.
    “Чӣ сангиндил будаӣ хола, як пора хабари он азизро аз мо дареғ доштӣ..” Зиндагии Фаришта дар хонаи Ҳашматулло кобусеро мемонд, ки на шаб тамомӣ дошт на рӯз. Он кобус Ҳашматулло буд, ки шаб то саҳар нимхобу нимбедор ё ба думбаи Фаришта мечаспид ё ба болояш хез мезад ва рӯзона намозашро қазо мекарду ӯро кашон ба хонаи хоб мебурд.
    -Ҳашмат-оғо, ман кор дорам, лутфан...
    -Кора чи мекунӣ духта, ма тура бари кор нагирифтам, роша, ки тоқатум намонда! Дар чунин мавридҳо дар дили Фаришта хоҳише пайдо мешуд, ки бо лагади сангин ончунон байни ронҳои Ҳашмат бикӯбад, ки олоти мардиаш дигар сар набардорад. Аммо “астағфуруллоҳ” мегуфт ва бо лабханди сохта ӯро аз худ дур мекард.
    Рӯзҳо ба навъе аз ин мӯйсафеди равонӣ раҳоӣ меёфт, аммо войи шабҳо! Суфраи шомро то дергоҳ намебардошт, то Ҳашматулло хаста шаваду хобаш бубарад, аммо хоб куҷо буд! Ӯ ҳар дам бо чашмони чуқураш ба Фаришта чашмак мезанаду бо сари качалаш ба сӯи хонаи хоб ишора мекард.
    Ин пиракӣ аз зан серӣ надошт!
    -Арӯсхонум буру, баҳонаҷӯӣ наку, ки бародари мо сабрша аз даст дода, - мегуфт Марворид ва садои қоҳ-қоҳаш айвони шишагиро ба ларза меоварад. Хоҳару бародар на танҳо дар зоҳир, балки дар хулқу атвор низ шабеҳи якдигаранд.
пешина
аз 473
навбатӣ