ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ӯ худро ба нодонӣ заду аз гуштбирёни овардааш як луқма бардошт.
-Ай и кабоб бигӣ, Марворид, маза мета.
-Наврӯз, ту як зани доноӣ, ира ҳама медона, ба ма бугӯ, ки чӣ рақам и духтари қашанг ба и бародари ришсафеди ма издивоҷ када?
-Далели сода дора, Марворид, и духтар як ғариба аст, пушту пано надора, ҳар кас мехоя, як мушт ба саруш мезана.
Хаста шуда ай канизӣ, мехоя зиндагиша сомон бута. Мага Ҳашматулло бетарин номзад нест бари як ғарибаи бесоиб?
-Шояд ам ҳарфи ту дуруст боша. Зиндагӣ да у хонаи додарзодаи ма, бо Маҳвашу Зарандуд мисоли дӯзах аста. Охи и зана бача намефора? Уштукои дигара бина авасуш намера?
Хола Наврӯз вонамуд кард, ки аз ханда нафасгир мешавад.
-Кӣ мега, ки бачадор намеша? Худованд уқа тухми уштукора дар олоти Ҳашмат кишта, ки бари як артиш басанда аста!
-Валло рост мегӣ, и биродари мо зани безурёта мезоёна, то рӯз аз болои и духтар пойин нашуд, садои оҳу нолашон ба гӯши ҳамсояҳо ҳам расид, оли дидӣ ки пагоҳ ҳомила меша.
Ҳарфҳои Марворид бар захми хола Наврӯз мисли марҳам буд ва ӯ аз шодӣ қоҳ-қоҳ хандид. Марворид ҳам хандакунон ба ошёни аввал фаромад, то чойи гарм биёрад. Фаришта дари ҳаммомро бо аҷала пӯшиду худро ба назди хола расонд.
-Худо меҳрабон аст, иншоаллоҳ корот хуб меша, - гуфт хола ва ба чаҳор тараф нигоҳ карду осемасар хурмаи мостро ба Фаришта дароз кард.
-Бигӣ, зуд бухӯ, то кас набина!
Фаришта мостро дуздона дам кашид, зиёд нахурд, як ду ҷуръа нӯш карду хурмаро рӯи дастархон гузошт. Нигоҳаш ба чашмони хола буд, мехост аз оғо чизе бишнавад. Медонист, ки шунидани ҳарфи оғо аз даҳони хола кори ношуданист, аммо боз ҳам пеши ӯ гардан каҷ мекард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо