ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
-Бовар кунед хола, аз тарс дилбеҳузуриям гум шуд.
-Бардор табақа бирем, ки и Марвориди бадфеъл бо чи фикри баде накуна.
-Баҳ-баҳ, аҷаб хуб мондӣ, Марворид, амиёлиям мисли духтари ҳаждаҳсола мақбулу тару тозаӣ, ном Худо!
Чеҳраи мухпарзади Марворид аз шодӣ лолагун шуд. Ӯ холаро аз боло нишонду чою шириниро дар пешаш гузошт.
-Хуш омадӣ Наврӯз, шарофати арӯси нав намебуд, валлоҳ, ки ба и хона по намегузоштӣ!
Фаришта табақи гуштбирён ва хурмаи мостро рӯи дастархон гузошту сари суфра орият нишаст. Дар дил мегуфт, зиндагӣ дар ин хонадон бад намебуд, агар Ҳашмате вуҷуд намедошт. Эй кош намебуд!
Аммо дар кушода шуду Ҳашматулло бо қомати нимахамида, сари качали бедастор, ки кадӯи дар офтоб сӯхтаро мемонд ва яктаҳи сафед, ки доманаш то зонуҳои урёнаш мерасид, аз ҳуҷра берун омад. Хола Наврӯзро диду даступоча шуд.
Э, Наврӯз ту иҷа астӣ, - гуфту бо аҷала пас гашт ва баъди лаҳзае бо дастору хилъат берун омад. Марворид пушт ба бародараш гардонду чодарашро рӯи чашмонаш кашид.
Ҳашматулло мехост бо хола Наврӯз саломуалейк кунад, вале рафтори хоҳарашро диду аз фикраш гашт ва ба тарафи ҳаммом рафт.
-Арӯсхонум, бари шуҳарат сарчоқу пату бубар, бо ай ҳаммом лухт пеши мо ҳозир наша, - гӯё шӯхӣ кард Марворид ва ба сӯи хола чашмак зад.
Ӯ андам Фариштаро ба ҳаммом фиристод, эҳсос мекард, ки оғӯши Ҳашматулло барои ин зани зебо мисли ҷаҳаннам аст. Аммо ба худ мегуфт, “шӯҳари пири пулдор, ки хостӣ, азобешам бикаш!” Хушҳолие, ки аз дидори хола Наврӯз дар чеҳраи Фаришта гул мекард, бо шунидани амри Марворид оҳиста фурӯкаш кард, ӯ ноилоҷ аз ҷой бархост. Хола Наврӯз, ки ба гуфтаи худаш мӯри нарро аз мода фарқ мекунад, вонамуд кард, ки ин саҳнаро намебинад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо