Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фаришта хомӯшона сабзиҷотро пора карду тухму асалу қаймоқро рӯи синӣ чид. Ҳарду субҳонаи шоҳонае омода карданд.
-Буру шуҳарта бедор кун, намоза қазо када, субҳонарам қазо накуна. Марворид аз зарофати худ кайф кард, ки чеҳраи буҷуриаш аз ханда шукуфт. Аммо нигоҳи имдодталабонаи Фариштаро диду, бештар хандааш омад.
Чие? Метарсӣ, ки тура бо зери пош мекаша? И биродари ма ай бағали зан серӣ надора. Занои худобиомурзаш ай амхобагӣ бо Ҳашмат иқа безор шудан, ки барои ҷонхалосӣ ҳар сол бача мезоидан. Оли бахти ту баланд буда, ки нерӯш намонда ва илло то саҳар хоб надоштӣ.
Марворид бо ифтихор тавоноиҳои ҷинсии бародарашро тавсиф мекард. Ӯ даҳон пур карду мехост ҳарфашро идома диҳад, ки ин дам хола Наврӯз табақи бузурге зери бағал аз дари ҳавлӣ ворид шуд.
-Меҳмони нохондара қабул мекуне, -гуфт ӯ ва табақро ба замин гузошту даст дар пешонӣ ба тарафи айвон чашм дӯхт.
-Фаришта, биё бачем табақи мана боло бубар, ки дига қуватум намонда.
Фаришта аз дидани хола он қадр шод шуд, ки ангор, дар зиндон буду баъди солҳо ба дидори азизе расидааст. Хола ӯро бағал карду дар гӯшаш пичиррос зад:
-Шаб читур гузашт, бо Ҳашмат хав кадӣ?
-Бале,..азоби гӯрро аз сар гузаронидам.
Хола оҳи сабуке кашиду аз ҷабини Фаришта бӯсид.
-Шаб хав аз дидаҳом парид, сад андешаву хаёл дар сарум чарх мезад, ба зур то субҳ расидум, фақат дар фикри ту будум. Иншоаллоҳ дига ҳама чи хуб меша. Худо меҳрубон аст.
Фаришта бечораҳолона сар такон дод.
-Табақа бардор, барот гӯшбирёну мост овардам, туро худо ба мост начаспӣ, хеле эҳтиёт ку, оқу воқ надорӣ?

пешина
аз 473
навбатӣ