ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Тӯлонитар аз шаби гузашта ҷумбуҷул кард ва саранҷом як “қиғғ” гуфту мурдавор ором гирифт.
Фаришта дар дами дар боз бо Марворид рӯ ба рӯ шуд, ки авзояш беҷо буд. Ӯ хомӯшона сарчоқи сари китфашро ба Фаришта дароз карду бо ишораи сар ӯро ба ҳаммом фиристод.
“Агар бо ин зан забон наёбам ҳолам хароб мешавад”- ба худ гуфт Фаришта ва қарор кард, ки бо Марворид наздиктар шавад, аз ӯ дилҷӯӣ кунад. Ӯ либос иваз карду ба назди Марворид фаромад, ки дар қабати аввали бино дар ошхона субҳона омода мекард.
-Хонумҷон, ман ба бекорӣ одат накардаам, агар иҷозат бидиҳед ба шумо кӯмак кунам. Ҳар коре бошад ба ман бигӯед, иҷро мекунам.
-Кора чӣ мекунӣ! Ту дига хонуми и хонаӣ, и моем,ки бояд хизмати тура кунем! Забони Марворид он қадр заҳру зуқум дошт, ки талхиашро намешуд эҳсос накард.
Фаришта тӯли хизматгориаш, мисли ҳамаи дастнигарҳо илмеро ёд гирифт, ки дар ҳар шароит ба дардаш мехӯрд. Ӯ ёд гирифт, ки худро кӯчак нишон диҳад ва ҷониби муқобилро ба арш бардорад.
-Интур нагӯед, хонумҷон, шумо бузурги ин хонадонед, ман бояд дар хизмати шумо бошам. Фаришта инро гуфту ҷорӯбу сатилро бардошт ва мехост ба ҳавлӣ фарояд.
Дилҷӯиҳои Фаришта ба Марворид форид, ӯ каме нармтар шуд.
-Арӯсхонум, ҷорӯву сатила дар ҷош бумон, пероҳани худа касиф наку, ҳавлира хизматгор тоза мекуна, ага хоҳӣ, ба ма кӯмак кун, субҳонара омода кунем. Фаришта зуд ба кор часпид, Марворид аз ҳаракатҳои ӯ чашм намеканд, аммо ҳеҷ баҳонае барои киноя задан пайдо накард.
-И шуҳарут хизматгора ило кад, хиёлуш, ки ма иҷа муқимӣ мешам, мега ба арӯси ма хизмат кун. Мага ма хонаву дар надорум? Марворид зери лаб ғур-ғур мекард ва ба арӯси нав мешунавонд, ки аз ӯ таваққӯъи зиёд надошта бошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо