Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фаришта дигар ба хонаи хоб барнагашт. Гиҷ шуда буд, намедонист чигуна рафтор кунад. Гесувони намкашидааш ба танаш часпида, ҳавои сарди аввали тирамоҳро дар назараш сардтар мекард. Ба патуи овардаи Марворид печиду дар гӯшаи курсии роҳати айвон ҳалқа зад. Баданаш зуд гарм шуд ва пилкҳои сангинаш беихтиёр ба ҳам омаданд. Шояд ба ин роҳатӣ то зуҳр мехобид, аммо бо чашмони пӯшида тири нигоҳеро дар чеҳрааш эҳсос карду чашмонаш бо ҳарос боз шуданд. Дар айвони нимарӯшан Марворидро дид, ки аз зери пешонаи барҷастааш ба ӯ нигоҳ мекард. Фаришта бо аҷала аз ҷой бархосту гунаҳкорона сар хам кард.
-Чаро иҷа хав кадӣ?
-Бубахшед, пату танамро гарм кард, нохудогоҳ ин ҷо хобам бурд...
-Чиро полуи шуҳарут нарафтӣ?
-Ҳашмат-оғо хоб буд, нахостам нороҳаташ кунам...
-Ҳмм... буру хо бедоруш ку, намози бомдода қазо накуна!
Ҳашматулло пойҳои урёнашро ба ду тараф партофта бо даҳони боз хуррак мекашид. Нафасаш бо пуф аз даҳонаш берун мешуд ва кафки сафеди ҷамъшуда дар кунҷи лабашро пасту баланд мекард. Агар Фаришта ин тасвирро замони дигар медид, шояд дилаш беҳузур мешуду ҳар он чӣ дар шикамаш дошт ба рӯи Ҳашматулло мерехт. Аммо ҳоло аз тарси Марворид китфи Ҳашматуллоро такон дод.

-Ҳашмат-оғо, баланд шавед, вақти намози бомдод аст.
Мӯйсафед чашмони фурӯрафтаашро, ки чун чароғи нимсӯхта дар қаъри сараш милт-милт мекарданд, бузургтар боз кард ва Фариштаро диду даҳонаш аз хушҳолӣ гиз шуд.
Нимхез аз аз домани ӯ кишид.
-Биё полуи ман, намоза қазо мехонум ҷигар, худо мара мебахша. Ӯ Фариштаро ба тахти хоб кашиду худро ба болояш андохт.

пешина
аз 473
навбатӣ