ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳашматулло перҳантумбони домодиро бо дастони ларзон аз он тани пиру фартуташ берун овард. Устухони пушти ӯ кӯҳони уштур ва сандуқи дилаш қафаси синаи мурғро мемонд. Бо шалвори хиштакдоре, ки банди тавеламонандаш то зону мерасид, дар паҳлуи Фаришта дароз кашид ва мисли харчанг ба тани ӯ часпид. Ҳаш-ҳаши нафаскашиҳояш гӯши Фариштаро озор медод. Ӯ бо дастони ларзон мӯю рӯи Фариштаро мепалмосид, синаҳои чун шир сафедашро молиш медод, бо даҳони тӯфолудааш пақ-паҳ ӯро мебӯсид ва саранҷом монанди аспбози барҷомонда, ғеҷидаву афтида ӯро савор шуд. Пешу қафо такон хурду такон хӯрд, оби даҳонаш ғоз медоду ба рӯи синаи Фаришта мерехт.
Бечора арӯс дошт оқ мекард, ки билохира Ҳашматулло мисли шағоли тирхӯрда ғингос заду мурдавор аз ҳаракат монд.
Фаришта худро бо кароҳат аз зери тани ӯ берун овард ва рӯ ба девор даҳони ин ҳама муддат пӯшидаашро боз карду ҳарисона нафас кашид. Ҳавои хона бӯи даҳони носолӯдаи Ҳашматулло мекард ва Фаришта бо аҷала ба айвон давида, сар аз панҷара берун кард.
-Ҳаммом унҷаста, арӯсхонум. Марворид, ки эҳтимол ин ҳама вақт пушти дар фолгӯш меистод, бо ангушт ба гӯшаи айвон ишора кард. Фаришта бо аломати фаҳмидам сар такон дод ва бо тани нимаурён ба сӯи дари ишоракардаи Марворид давид. Раҳ ба раҳ нигоҳи тирвори ӯро дар пушти худ эҳсос мекард.
Аз сар то пояшро чанд дафъа собун заду бо лиф шӯст, зери шарашараи об истод, аммо бӯи Ҳашматулло ҳамоно аз димоғаш дур намешуд. Саранҷом беҳол шуду рӯи суфаи мармарии ҳаммоми гарм, ки шояд Марворид аз бегоҳ омода карда буд, хобаш бурд.
Қариби хурусфарёд аз садои ғиҷироси дар бедор шуд.
-Арӯсхонум бари ту сарчоқу пату овардам, инора бигиру дар гармоба зиёд гир нашу, бари саломатит зарар дора.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ